Мардуми Душанбе Рустам Эмомалиро барои кадом иқдомҳояш дӯст доштанд?

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар "Боғи миллии Тоҷикистон"
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар Боғи миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони Душанбе хушҳоланд, ки раиси шаҳри Душанбе таъмири мактабҳоро аз ҳисоби кисаи волидон манъ кардааст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik, Григорий Ростов. Раиси Ҳукумати Душанбе Рустам Эмомалӣ аз 9 моҳи фаъолияташ дар назди вакилони Маҷлиси шаҳрӣ гузориш дод.

Бино бар ин гузориш, ки дар ин муддат корхонаҳои пойтахт ба арзиши 7,5 милёрд сомонӣ коло тавлид кардаанд. Аммо афзун бар ин дастовардҳо, масъалаи ҳалли мушкилиҳои сокинон пеш меояд.

Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз муҳимтарин иқдомҳои соли аввали фаъолияти шаҳрдори ҷавон гузорише омода кунад.

Пул диҳем ё надиҳем?

Дастури Рустам Эмомалӣ барои даст нигаҳ доштан аз ҷамъоварии маблағ дар мактаб ва муассисаҳои томактабиро ҳама душанбегиҳо ҷонибдорӣ карданд. Мамнуъ шудани ситонидани маблағ аз волидон барои таъмири мактаб ва кӯдакистон тамоми сокинони Душанбешаҳрро хушнуд кард. Эҳтимол меравад, ки ин иқдомро бархе аз мудирон ва раисони ноҳияҳое, ки вазифадор шуданд аз будҷа маблағ ҷудо кунанд, написандиданд.

Рустам Эмомали на заседании правительства республики - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ: савдои кӯчагӣ ба пуррагӣ аз байн бурда шавад

Баробари ин як иқдоми дигар раиси шаҳр — Рустам Эмомалӣ дастур дод,  ба  донишомӯзони аълохон бурсияи таҳсилии  ҳармоҳа ҷудо карда шавад.

Ҷонибдори аз Мароказҳои савдо ва "падруд" бо бозорҳо

Пурвокунишдортарин қарори Рустам Эмомалӣ қарори вайрон кардани бозорҳои кӯҳна ва манъи дастфруӯшӣ буд. Чунончӣ, бозори "Шоҳмансур" дигар вуҷуд надорад ва шояд ба наздикӣ "Хитой-бозор" ҳам аз миён бардошта шавад.

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҷойи Бозори Шаҳмансур ба наздикӣ маркази савдо пайдо шавад. Дар ҳудуди "Хитой-бозор бошад ваъда додаанд, ки биноҳои бисёрошёна бунёд мекунанд. Бисёре аз сокинон гуфтаанд, ки бозорҳои хурди дастфурӯшӣ симои пойтахтро коста мекард.

Ин ҳадаф хеле хуб буд, вале равише ки инро амалӣ карданд, ҳисобшуда набуд. Савдогарони Шоҳмансурро ба бозори "Меҳргон" бурданд, аммо ҷой ба ҳамаашон нарасид. Барои савдогарони боқимонда то ҳол ҷой омода мекунанд. Гирди бозор пур аз одам ва худрав шудааст: ронандаҳо таваққуфгоҳ меҷӯянду мусофирон — нақлиёт.
Хурдабозорҳо, чуноне ки аз таҷриба маълум аст, дар як муддати муайян нест мешаванд, вале пас аз чанде дубора пайдо мешаванд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии Душанбе ҳисобот медиҳад

Роҳ ва роҳсозӣ

Шаҳрдори ҷавони пойтахт ҳамчунин ба роҳ ва нақлиёт таваҷҷуҳи бештар нишон дод. Мувофиқи нақшаи кулли шаҳр, дар шаҳр бояд роҳҳои дутабақа пайдо шаванд, ки то ҳол дар Душанбе набуд.

Автобусҳое, ки шаҳрдорӣ аз хориҷ харид карда буд, ба симои шаҳр ҳусни дигаре бахшид. Ҳоло асосан ин худравҳо дар кӯчаҳои асосии пойтахт сайр мекунанд, билетҳои электронӣ ҳам пайдо шудаанд. Аммо билетҳои электронӣ ҳоло пурра ҷорӣ карда нашудаанд ва шаҳрвандон чун пештара ҳаққи роҳкироро нақд пардохт мекунад.

Шикоят доред?

Рустам Эмомалӣ ҳарчанд ҳануз ҷавон аст, вале дар заминаи раҳбарӣ таҷрибаи калон дорад. Зеро дар ниҳодҳои гуногун аз Хадамоти гумрук то Ожонси мубориза бо фасод фаъолият кардааст. Барои ҳамин вай яке аз шартҳои асосии роҳбариро  хуб омӯхтааст: бовар кун, аммо тафтиш кун.

Барои барқарор кардани муоширати бевосита бо шаҳрвандон акнун дар Душанбе телефоҳои боварӣ ба кор даромданд. Дар сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе нишонаи электориние нишон дода шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд ба он арзу шикоятзҳои худро равон кунанд. Рустам Эмомалӣ дастур додааст, ки муовинони шаҳрдор ин шикоятҳоро баррасӣ кунанд. Ба ҳар ҳол интизор меравад, ки роҳбарон аз ин пас фаъолтар мешаванд.

Рустам Эмомалӣ — спринтер ё стайер?

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки тамоми иқдомҳои шаҳрдори ҷавони Душанбе барои беҳбудии пойтахт равона карда шудааст.

Ҷанбаи дигари масъала он аст, ки амалисозии он аз якчанд тобишҳои дигар вобаста аст.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки шаҳрвандони одии Душанбе иқдомҳои Рустам Эмомалиро ҷонибдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи бархе аз сокинон, писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон дар 11 моҳи кораш фаъолтар аз  раиси пешини шаҳри Душанбе буд.

Рустам Эмомалӣ дар кори шаҳрдорӣ оғози хубе дорад, вале муҳим он аст, ки ин суръаташро нигаҳ дорад ва дар нимароҳ дар намонад.

Лентаи хабарҳо
0