Мадамиҷонова: тоҷикон аз тарси душманон ба кӯҳҳо рафтанд

© SputnikЗухра Мадамиджанова - научный сотрудник Института истории, археологии и этнографии АН Таджикистана, архивное фото
Зухра Мадамиджанова - научный сотрудник Института истории, археологии и этнографии АН Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корманди Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва этнографии Фарҳангистони Тоҷикистон Зуҳро Мадамиҷонова мегӯяд, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сулҳхоҳ буд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ин коршинос мегӯяд, ки дар Тоҷикистон яғнобиҳо ва мардуми Бадахшон забонҳои қадимаи худро (яғнобӣ ва забонҳои помирӣ) нигоҳ доштаанд.

Мардуми ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон мардуми қадима ҳастанд. Онҳо аз ин кӯҳҳо ҷое нарафтаанд.

"Мардуми кӯҳӣ мардуми манотиқи ҳамворро, ки дар паи ҳуҷуми муғулҳо, туркҳо ва арабҳо манзилҳояшонро монда ба ин ҷо меомаданд, қабул мекарданд. Тоҷикон табиатан мардуми ором ҳастанд, онҳо ҷанговар нестанд", — гуфт Зӯҳро Мадамиҷонова дар суҳбат бо радиои Sputnik.

Ӯ шарҳ дод, ки мардуми кӯҳсор анъанаҳои худро хуб нигоҳ медоранд. Ӯ гуфт, ки албатта ба мардуми кӯҳии Тоҷикистон навовариҳои ҷаҳони муосир лозим аст, вале дар баробари ин онҳо аз фарҳанги милли худ дур нахоҳанд шуд.

"Тоҷикон дар таърихи худ алоқамандии бузург ба фарҳангашонро нишон додаанд", — гуфт Мадамиҷонова.

Мусоҳибаи пурраро бо корманди Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва этнографии Фарҳангистони Тоҷикистон Зуҳро Мадамиҷонова дар шакли радиоӣ гӯш кунед.

Таджики в своей истории показали большую приверженность традиционной культуре
Лентаи хабарҳо
0