10:38 18 январи 2018
Пахши мустақим
Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Президент: ман зидди имтиёзҳои иҷтимоӣ барои муҳоҷирон ҳастам

© Sputnik / Павел Лисицын
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
69601

Президенти Федеросюни муҳоҷирони Русия Вадим Коженов гуфт, ки зидди ҳама гуна ёрона ва имтиёзҳои иҷтимоӣ барои муҳоҷирон аст

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар ин бора Вадим Коженов дар нишасти хабарие, ки рӯзи 18 декабр ба муносибати рӯзи муҳоҷирон дар Оҷонсии хабарию радиоии "Россия сегодня" баргузор шуд, нақл кард.

Ба саволи рӯзноманигорон дар бораи ёрона ва кӯмаки иҷтимоию ҳаққи бозиншастагӣ Вадим Кожденов гуфт, дар бораи ҳаққи бознишастагӣ суҳбат кардан мушкил аст, вале нисбати имтиёзҳои иҷтимоӣ каме осонтар.

"Ман комилан зидди чунин фикрҳо ҳастам. Муҳоҷире, ки ба кишвари дигар барои кор меояд, набояд кумаки молӣ гирад. Ӯ бояд дарк кунад, ки коркунӣ меравад", — гуфт Вадим Коженов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти Вадим Коженов дар Урупо ҳайрон мондаанд, ки бо муҳоҷироне, ки аз рӯи имтиёзҳо басар мебаранд чӣ кор кунанд, чӣ тавр онҳоро ба кор ҷалб кунанд.

"Муҳоҷир бояд дарк кунад, вақте ба дигар кишвар омад, ӯ вазифаи баланд намегирад. Мумкин ки фарзандонаш зиндагии хуб дошта бошад. Ӯ солҳои тӯлонӣ фақат ба коре, ки музди паст дорад, имкони машғул шудан дорад. Баъд ӯ соҳиби маълумот мешавад-агар шавад. Пасон ӯ кори нисбатан хубтар меёбад-агар ёбад. Танҳо пас аз ин ҳама ӯ метавонад коре бикунад, ки фарзандонаш дар зиндагӣ муваффақ шаванд. Ман комилан зидди ҳама гуна кумакҳои иҷтимоӣ ҳастам", — гуфт Вадим Коженов.

Ӯ қайд мекунад, ки одамон бояд дарк кунанд, ки онҳо коркунӣ меоянд.

Мушкилоти аслӣ ин аст, ки аксаран музди муҳоҷиронро намедиҳанд, ё фиребашон мекунанду бар ивази кори сангин музди кам пардохт мекунанд. Чунин ҳодиса бо шаҳрвандони Русия рух намедиҳад.

Барчаспҳо:
ҳаққи бознишастагӣ, муҳоҷират, Вадим Коженов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ