10:44 18 январи 2018
Пахши мустақим
Профессор, заведующий кафедрой иранской филологии Владимир Иванов, архивное фото

Профессор Иванов: тоҷикон бояд забонашонро аз калимаҳои русӣ пок кунанд

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
972110

Вомвожаҳои русӣ дар забони тоҷикӣ зоид ҳастанд ва беҳтар аст онҳоро бо вожаҳои форсӣ ҷойгузин кунанд, мегӯяд профессор Владимир Иванов, раиси гурӯҳи омӯзишии забонҳои эронӣ ва устоди забони форсии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Африқо дар Донишгоҳи Маскав

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон баҳс миёни ниҳодҳои расмӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоъӣ бар сари ному сарнавишти забони тоҷикон дубора гарм шудааст. Дар ин бора бо профессор Владимир Борисович Иванов, раиси гурӯҳи омӯзишии забонҳои эронии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Африқо дар Донишгоҳи Маскав гуфтугӯе доштем, ки дар зер оварда мешавад.   

- Устоди гиромӣ, оё забони тоҷикон бо забоне, ки тоҷикон дар Афғонистон ва эрониён доранд, яке ҳаст ё ин ки решаашон якест, вале худашон ҷудо шудаанд ва куллан чи тафовутҳое забони форсии Тоҷикистон ё тоҷикӣ бо форсии Эрону Афғонистон дорад. Мо мехоҳем як осебшиносӣ кунем дар ин бора.

— Ин суолро муддатҳо пеш аз ман пурсида буданд ва мепурсанд ва дар оянда ҳам хоҳанд пурсид. Шодравон устод Борис Островский ин мавзуъро дар мақолае баррасӣ карда буд, ки ман ҳам бо натиҷагирияш сад дарсад мувофиқам. Устод Островский ба ин натиҷа расида буд, ки аз дидгоҳи забоншиносӣ тафовутҳо миёни форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ камтар аз муштаракот ҳастанд. Вале аз он ҷое, ки давлатҳои Эрону Афғонистону Тоҷикистон дар қонунҳои асосии худ забонашонро расман ва қонунан "форсӣ", "дарӣ" ва "тоҷикӣ" номидаанд, мо ҳам бояд ин муқарраротро риоят бикунем.

Аммо ин нуктаро бояд ёдоварӣ кунем, ки гӯишварони ин се забон ҳамдигарро хуб мефаҳманд. Яъне дар гуфтугӯ бо якдигар ниёзе ба мутарҷим надоранд. Масалан, агар забони паштуро бо форсиву дариву тоҷикӣ муқоиса кунем, мебинем, ки пашту аз онҳо бисёр дур аст ва на ҳар форсизабоне гуфтори паштузабононро дар меёбад. Аммо гӯишварони ин се забон на танҳо метавонанд бо ҳамдигар суҳбат кунанд, балки адабиёти якдигарро низ бихонанд. Ин нуктаро ҳам бояд дар назар гирифт, ки тоҷикон аз хатти кирилӣ истифода мекунанд ва эрониёну афғонистониён аз хатти форсӣ.

Вале тафовут дар навиштори расмӣ ва коргузорӣ, бавижа санадҳову қарордодҳо, миёни форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ бештар аст. Дар ҳар кадоме аз ин се кишвар дар қонунгузорӣ қоидаҳои хоссе дорад, ки асноду қарордодҳо бояд мутобиқ бо онҳо танзим шавад. Аз ин дидгоҳ тафовуташон хеле зиёд аст ва донишҷӯёни мо, ки ин се забонро мехонанд, бояд дақиқ ёд бигиранд, ки чигуна ин аснодро танзиму тарҷума кунанд.  

Чанд соле пеш дар Эрон аз ман пурсиданд, ки оё забони Ҳофиз ва забони форсии имрӯзи Эрон як забон аст ё на? Ман гуфтам, ки як забон аст. Боз пурсиданд, ки оё забони дарӣ ва забони Ҳофиз як забон аст ё на? Ман гуфтам, ки бале, як забон аст. Боз ҳам пурсиданд, ки оё забони тоҷикӣ ва забон Ҳофиз як забон аст ё на? Ман гуфтам, ки як забон аст. Гуфтанд, пас ба ин натиҷа мерасем, ки ин се забон яке ҳастанд. Ман инро қабул доштам, танҳо ёдоварӣ кардам, ки мо дар гурӯҳи омӯзишии худамон бояд ин се забонро ҷудогона омӯзиш бидиҳем, зеро агар онҳоро омехта кунем донишҷӯёнамон ҳеч кадомашонро ёд нахоҳанд гирифт. Мо дар кафедраамон бештар забони форсии Эронро меомӯзонем. Дар канораш забонҳои дарӣ ва тоҷикӣ низ тадрис мешаванд, аммо барои ҳар кадоме аз онҳо китобҳои дарсии ҷудогона дорем.

- Оё аз нигоҳи сохтори дастурӣ ин забонҳо тафовуте бо якдигар доранд ё надоранд?

— Албатта, муштаракот дар миёни форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ бисёр бештар аст, вале аз дидгоҳи дастурӣ тафовутҳое низ бо якдигар доранд. Ин тавофутҳоро шодравон устод Микеров пажӯҳиш карда буд. Вай ин се забонро аз дидгоҳи грамматикӣ бо якдигар санҷид то дониста шавад, ки агар, чунончи, қоидае дар забони тоҷикӣ бошад, дар дарӣ ва форсӣ чи баробарҳое дорад. Чунончи, дар забони форсии Эрон замони малмус дорем, ки масалан "ман дорам мегӯям" ё "ӯ дошт мерафт", ки дар тоҷикӣ ва дарӣ чунин нест. Дар ин забонҳо ба истилоҳ ҳолатҳои дигаре вуҷуд дорад. Афзун бар инҳо, ҷумлабандӣ ё фразеология дар ин забонҳо бисёр дигаргун аст. Масалан, агар матнеро аз русӣ ба ҳар кадоме аз ин забонҳо тарҷума карда бошанд, аз нахустин ҷумлаашон метавон донист, ки он матн ба кадом яке аз онҳо тарҷума шудааст. Яъне ҷумлабандӣ хеле фарқ мекунад.

- Оё ин тафовутҳое, ки форсии тоҷикон бо форсии эрониёну афғонистониён дорад, дарунзо ҳастанд, яъне аз даруни худи забони форсӣ ё яке аз гӯишҳои он, ки асоси забони адабии тоҷикӣ шуда, берун омадаанд, ё ин ки бар асари таъсири тарҷума аз дигар забонҳо ва омӯзиши нобаҳанҷор дар Тоҷикистон падид омадаанд?

— Албатта ин тафовутҳо дарунзо нестанд. Чун аз дидгоҳи дарунзо ин се забон яке ҳастанд, вале чун дар се минтақаи мухталиф парвариш ёфтаанд, аз дигар забонҳо асару таъсир пазируфтаанд. Масалан, тоҷикӣ аз узбакӣ ва русӣ асар пазируфта ва форсӣ аз арабиву туркӣ ва дарӣ аз пашту ва инглисӣ. Яъне ин тафовутҳо бештар бурунзо ҳастанд то дарунзо.

- Дар Тоҷикистон аз дер боз кӯшишҳое мешаванд, ки истилоҳотро бо Эрон яксону ҳамгун кунанд. Аз ин рӯ бисёре аз вожаҳоро аз эрониён мегирифтаву мегиранд. Аммо аз чанд сол пеш давлат бархе аз он истилоҳтро канор гузоштаву вомвожаҳои русиро ба кор мебаранд. Масалан, додгоҳро бо суд, додрасро бо судя, додситониро бо прокуратура ҷойгузин кардаанд. Ба назари Шумо, оё корбурди вожаҳои русӣ — конститутсия, суд, прокуратура, судя ва дигару дигар — бар забони тоҷикӣ осеб мезанад ва онро забоне ҷудо аз форсӣ мегардонад?

— Ман худ гарчи рус ҳастам, фикр мекунам, ки ин калимаҳои русӣ дар забони тоҷикӣ зоид ҳастанд ва беҳтар аст онҳоро бо вожаҳои сохти худи тоҷикҳо ҷойгузин кунанд. Эрониён Фарҳангистони забону адаби форсӣ доранд, ки вожаҳои бегонаро, яъне истилоҳоти инглисиву фаронсаву дигарро, аз забон берун меронанд ва ба ҷояшон вожаву истилоҳоти бисёр ҷолибу хуб месозанд ва кӯшиш мекунанд онҳоро роиҷ кунанд, чун  мардум мутаассифона дар Эрон ҳам ба истифода аз вожаҳои бегона, яъне инглисӣ ва фаронса бисёр одат кардаанд ва ба осонӣ наметавонад онҳоро тарк кунанд. Фикр мекунам, ки ҳамин рӯйкардро тоҷикон бо вожаҳои русӣ бояд дошта бошанд. Яъне, агар, масалан, тоҷикон аз таҷрубаи эрониён истифода кунанд, бисёр беҳтар мешуд то аз дигар забонҳо вожа вом бигиранд. Дар Афғонистон ҳам як чунин раванде дида мешавад, вале онҳо бештар аз вожаҳои забони пашту баҳра мегиранд то вомвожаҳои инглисиро ҷойгузин кунанд.

- Агар дар Афғонистон вомвожаҳои инглисиро бо истилоҳоти пашту ҷойгузин мекарданд, ишколе надошт. Аммо дар он кишвар кӯшиш доранд, ки истилоҳоти паштуро ҷойгузини истилоҳоти форсӣ кунанд. Чунончи, форсизабононро водор мекунанд, ки донишгоҳро "пуҳантун" ва донишкадаро "пуҳанзай" бигӯянд. Оё ин паштунисозии забони форсӣ дар Афғонистон коре дуруст аст ё на?

— Албатта, қазоваташ бисёр мушкил аст. Аммо инро метавон гуфт, ки забони пашту чун яке аз забонҳои эронӣ аст, ба форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ наздиктар аз русӣ аст. Шояд агар аз ин равиш истифода кунанд, бад набошад, вале мардум бояд худ тасмим бигиранд, ки аз кадом вожаву истилоҳот истифода кунанд.

- Вале мушкил ин аст, тоҷикон дар Афғонистон худро тоҷик ва забонашонро форсӣ меноманд, вале давлат мегӯядашон, ки забонатон дарӣ аст ва бояд "истилоҳоти миллӣ"-ро ба кор бибаред ва манзураш аз "миллӣ" паштунӣ аст. Дар Тоҷикистон ҳам давлат бар корбурди истилоҳоти русӣ — ҳамон конститутсия, суд, судя, прокуратура, прокурор, милитсия ва дигар исрор дорад.

— Албатта, зӯргӯӣ набояд бошад. Ба ҳеч ваҷҳ. Ифроту тафрит набояд бошад дар ин равиш. На аз ин тараф ва на аз он тараф. На касе бояд мардумро водор ба корбурди вожаҳои бегона кунад ва на ба корбурди вожаҳои худӣ. Зеро мардум зӯргӯиро намепазарад ва вожаҳоро ҳам ба кор намегирад.

- Бархе ҳам аз вомвожаҳо ва вожаҳои нав ҳарос доранд ва корбурдашонро нораво медонанд. Оё ба назари Шумо, форсии эронӣ бо форсии тоҷикӣ чунон бегона аст, ки намешавад аз якдигар вожа бигиранд?

— Бегона нестанд, аммо дар ин равиш ҳам набояд ифроту тафрит кард. Масалан, дар Эрон солҳо пеш "компютер"-ро "роёна" карданд ва гуфтанд инро бояд ба кор бурд. Албатта, дар навиштор ҳамин "роёна" ба кор меравад, вале дар гуфтор ҳануз ҳам "компютер" мегӯянд. Кормандони Фарҳангистони забону адаби форсӣ гила мекунанд, ки мо бисёр заҳмат кашидем то ин вожаҳо сохта шаванд, вале мардум аз онҳо истифода накунанд. Бояд мардумро қонунан водор ба корбурдашон кард. Дар Эрон чунин як қонуне ҷорӣ аст, ки агар масалан маҷаллае истилоҳоти бегонаро ба кор бигирад, аввал ҷарима мешавад ва агар такрор кунад, мумкин аст таътил ё баста шавад. Вале тарзи тафаккури мардумро намешавад зуд иваз кард ё тағйир дод. Онҳо кӯшиш мекунанд дар телевизюнҳову родю ин вожаҳои навро муаррифӣ кунанд ва фикр мекунам ки ин равиши нарм бисёр беҳтар аз зӯроварӣ ва зӯргӯӣ аст.

- Дар Тоҷикистон бисёре аз матолиб аз русӣ тарҷума мешавад ва бисёр пеш меояд, ки барои истилоҳе дар фарҳангҳои тоҷикӣ баробаре намеёбанд ва ҳамон русиро ба кор мебаранд. Аммо он истилоҳ дар форсии Эрон баробаре дорад. Оё агар тоҷикон аз эрониён ин истилоҳотро бигиранд, бад коре мекунанд?

— На, хуб коре мекунанд. Фикр мекунам, ки шумо бояд аз дастовардҳои Фарҳангистони забону адаби форсӣ истифода кунед, чун онҳо дар ин замина пешрафтҳое доранд. Масалан, туркизабонҳо аз дастовардҳои Фарҳангистони Туркия истифода мекунанд, ки он ҳам барои вожаҳои бегона баробарҳое месозад. Фикр мекунам, ки аз чунин таҷрубаву дастовардҳо бояд истифода шавад. Мо ҳам ин вожаву истилоҳоти навро, ки дар Эрон сохта шудаанд, дар фарҳангҳои форсӣ ба русӣ ва русӣ ба форсӣ ворид мекунем. Чунончи, фарҳанги форсӣ ба русии устод Рубинчик 60 ҳазор вожа дорад ва фарҳанге, ки ман омода кардаам, 71 ҳазор вожаро дар бар мегирад. Шумо ҳам метавонед аз ин фарҳанг дар вироишу такмили вожаномаҳо ва фарҳангҳои русӣ ба тоҷикӣ ва тоҷикӣ ба русӣ истифода кунед.

- Мо ахиран аз чанд фарҳанг Вожаҷӯ омода ва роҳандозӣ кардаем ва аз ин дастовардҳо ва фарҳанги Шумо дар он ҳатман истифода хоҳем кард. Ҳамчунин дар назар дорем, ки барои забонҳои помирӣ ҳам вожаёб омода кунем, то бишавад аз онҳо низ дар вожасозӣ истифода кард, аммо то кунун хатт барояшон пазируфта нашудааст то корро оғоз кунем.   

— Ростӣ, забонҳои помирӣ пештар, дар солҳои 1930-ум, ба хаттҳое навишта мешуданд ва китобу рӯзномаҳо ба ин забонҳо чоп мешуд. Фикр мекунам, ҳоло ҳам бояд чунин хатте дошта бошанд. Медонам, ки дар навиштор аз кирилӣ ва лотин истифода мекунанд. Вале дар ин замина бояд бештар пажӯҳиш шавад то хатташон расмӣ шавад. Гӯишварони забонҳои помирӣ, ки дар Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Чин зиндагӣ доранд, бояд хаттҳои муштараке дошта бошанд то адабиёти худро чопу мунташир кунанд. Ин забонҳо ганҷинае аз вожаҳоро дар худ нуҳуфтаанд ва бояд аз онҳо низ баҳра гирифт.   

- Бисёр сипосгузорем аз лутфатон, устоди гиромӣ, ки ин фурсатро ба мо додед!

— Хоҳиш мекунам. Умедворам судманд буда бошад!

Мавзуъ

Шаби шеър: тоҷикон дар Маскав ба забонҳои Рӯдакӣ ва Пушкин шеър хонданд
Умед Ҷайҳонӣ: забони давлатии Тоҷикистонро низ бояд танзим кард
Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи забони давлатиро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт
Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба арҷгузорӣ ба забони давлатӣ фаро хонд
Умед Ҷайҳонӣ: забони Рӯдакиро бояд дар ниҳодҳои давлатӣ ба кор гирифт
Лякин-Фролов: забони русӣ дар Тоҷикистон ҷойгоҳашро аз даст медиҳад
Гулнигор Тиллоева: зебосанами забондон ва пуштибони муҳоҷирон
Омӯзиши забони тоҷикӣ дар яке аз донишгоҳҳои Узбакистон роҳандозӣ шуд
Сардор Раҳдор: вақт нишон медиҳад, кадом забон мемираду кадом зинда мемонад
Барчаспҳо:
забони форсӣ, Владимир Иванов, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ