10:43 18 январи 2018
Пахши мустақим
Иброҳим Аҳмадов, акс аз бойгонӣ

Аҳмадов: ба мо ҳар рӯз муҳоҷирон шикоят мекунанд, ки музди корашонро нагирифтаанд

Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Намояндаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ мегӯяд, ки намояндагии ниҳод дар Русия кӯшиш мекунад дар ҳалли мушкили муҳоҷирон бо корфармоён дахолат кунад

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмедов дар 2-3 соли охир муҳоҷир бештар аз ҷониби корфармоён фиреб мехӯранд.

"Бояд қайд кунам, ки ба мо ҳар рӯз муҳоҷирон  шикоят мекунанд, ки корфармоён музди корашонро пардохт намекунанд. Сабабҳо гуногунанд. Яке аз онҳо нодуруст тартиб додани шартномаи меҳнатӣ аст, ки муҳоҷиронро забонкӯтоҳ мекунад. Дар ин ҳолат мо бояд исбот кунем, ки онҳо кадом корро дар кадом ҳаҷм анҷом додаанд",- қайд мекунад вай.

Дар мавриди ҷо ба ҷо кардани ҳуҷҷат дар Русия бошад, бештари муҳоҷирон ба миёнарваҳо муроҷиат мекунад ва фиреб мехӯранд, мегӯяд Иброҳим Аҳмедов.

"Ба мо шаҳрвандони муроҷиат мекунанд, ки ба кадом дафтаре пул дода ҳуҷҷатҳояшонро таҳия кардаанд. Аммо камтар пас маълум мешавад, ки номи онҳо дар пойгоҳи додаҳо нест. Мо ба Сахарова меравем ва маълум мекунем, ки дар ҳақиқат онҳо сабти ном нашудаанд",-тавзеҳ медиҳад Иброҳим Аҳмадов.

Афзун бар ин, намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиронаи корафтодаро ба Ватан бар мегардонад.

Барчаспҳо:
маош, муҳоҷирон, Иброҳим Аҳмадов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ