10:43 18 январи 2018
Пахши мустақим
Михаил Петрушков, коршинос, акс аз бойгонӣ

Коршинос дар бораи фурӯши мех бо гузарнома: аз дуруст будани ин иқдом шубҳа дорам

© Sputnik /
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
63 0 0

Роҳбари Ассотсиатсияи тадқиқотҳои давлативу сиёсӣ ва раёсати давлатӣ дар Тоҷикистон Михаил Петрушков иқдоми ҳукумати кишварро дар бораи ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ дар Тоҷикистон ба воситаи шиноснома тавзеҳ дод

Дар Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ танзим шудааст. Акнун мизоҷон барои харидани мех ва дигар маҳсулоти майда чуйда бояд шиносномаҳояшонро ба фурӯшанда пешниҳод кунанд. Ин тартиботҳоро Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷорӣ кардааст.

Акнун ВУД сахт харидорони мех ва печу мӯҳрро ба назарат хоҳад гирифт. Ному насаб ва додаҳои гузарнома дар дафтари махсуси фурӯшанда қайд мешавад.

Петрушков мегӯяд, бино бар маълумотҳои озод, ин иқдом барои мубориза бо терроризм равона карда шудааст. Коршинос мегӯяд, то кадом дараҷа дуруст будани ин маълумоти аз маъхазҳои озод гирифтанашро гуфта наметавонад.

Ба гуфтаи вай, манбаи аввали ин маълумот муайян нест.

"Шахсан ман манбаи аввали маълумотро надидаам ва барои ман нофаҳмост, ки ин иқдом бо кадом мақсад ҷорӣ карда шудааст",- қайд мекунад коршинос.

Коршиност аз дуруст будани иқдоми мазкур изҳори шубҳа кард.

"Маълум нест, ки ин маълумотҳо чӣ гуна нигоҳ дошта мешаванд ва фурӯшандагон то кадом дараҷа онро посбонӣ мекунанд. Мувофиқи қонун бошад, нафаре ки ин маълумотҳоро ҷамъ мекунад, ӯҳдадор мешавад, ки онро гум накунад ва ба шахси севум надиҳад",- қайд мекунад вай.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки мунташир шудани ҳуҷҷати расмӣ дар ин бора ва барраси шудани он дар байни коршиносон вазъиятро тавзеҳ медиҳад.

Барчаспҳо:
коршинос, Михаил Петрушков, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ