12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ

Коршинос: Рустам Эмомалӣ шукӯҳи Соли навро ба Душанбе боз овард

© Фото: Сайт мэрии города Душанбе
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
56501

Роҳбари Ассотсиатсияи тадқиқотҳои давлативу сиёсӣ ва раёсати давлатӣ дар Тоҷикистон Михаил Петрушков дар бораи шукӯҳи Соли нави милодӣ дар Душанбе нақл кард

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Коршинос мегӯяд, ки шаҳри Душанбе дар остонаи Соли нав рангин шудаасту мардум аз ин шид ҳастанд, чун солҳои пешин Душанбе дар ин замон беранг буд.

"Бадбиние, ки солҳои пешин буд, имсол нест шуд. Ва ман фирк мекунам, ки ин ба шарофати сиёсати одилонаи раиси нави шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ аст. Бисёр хуб аст,ки имсол фазои ҷашни Соли нав дар Душанбе эҳсос мешавад, ин бисёр хушбахтиовар аст", —гуфт Михаил Петрушков дар суҳбат бо радиои Sputnik.

Албатта бе зиддият нагузашт. Имсол Вазорати маорифи Тоҷикистон оро додани арча ва ташкили ҷашни Соли навро дар мактабҳо мамнӯъ кард. Михаил Петрушков бар ин аст, ки бидуни мамнуият ҳам мешуд.

"Вазорат далели қарори худро хоҳиши падару модарони кӯдакон гуфт. Муттассифона бори дигар натиҷа ва сабаб ҷойгузин шудааст. Агар таҷлили Соли нав ва оро додани арча таҳти назорати худи Вазорати маорифи Тоҷикистон ташкил мешуд, нақши бузурги Вазоратро дар тарбияи насли оянда рӯшан нишон медод", — гуфт раҳбари Ассотсиатсияи тадқиқотҳои давлативу сиёсӣ ва раёсати давлатӣ дар Тоҷикистон Михаил Петршков.

Мавзуҳо:
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
Соли нав 2018, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ