10:45 18 январи 2018
Пахши мустақим
Сайидмукарам Абдукодирзода, архивное фото

Абдулқодирзода: сунниҳо ва шиъаҳо дар Тоҷикистон ҳамзистии мусолиматомез доранд

© Sputnik Амир Исаев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
167860

Торих ҳам собит карда, ки ҳанафиён ва исмоилиён метавонанд ҳамзистии мусолиматомез дошта бошанд, мегӯяд раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода чанде пеш аз Русия боздид намуд ва бо раиси Шурои муфтиҳои Русия шайх Равил Айнуддин дидору гуфтугӯ кард. Дар ин мулоқот намояндагони Идораи динии мусулмонони Русия ва Кумитаи умури дини ҳукумати Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Домулло Саидмукаррам Абдулқодирзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз дастовардҳои ин сафар ва мулоқотҳо бо муҳоҷирони тоҷик ёд кард.

- Салом алайкум ва раҳматуллоҳ, ҳазрати домулло!

— Алайкум салом ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу!

- Умедворам, ки сафаратон ба Русия хуб гузашт. Мехостем аз дастовардҳоятон бипурсем.

— Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва бениҳоят меҳрубон! Мо дар нахустин рӯз аз сафар бо раиси Шурои муфтиҳои Русия шайх Равил Айнуддин дар Масҷиди ҷомеъи Маскав дидор кардем. Шайх Айнуддин пеҳниҳод кард, ки миёни Шурои муфтиҳои Русия ва Шурои уламои Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо шавад, ки бар асоси он намояндагии Шурои уламо ё Маркази исломии Тоҷикистон дар Русия фаъол шавад ва дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар заминаи муқобила бо теруризм ва ифротгароӣ рӯшангарӣ кунад.

Мо ин пешниҳодро пазируфтем ва дархост кардем, ки онҳо асноду мадорикро омода кунанду бароямон бифристанд то ман ҳам назаротамонро бидиҳем ва ин санад имзо шавад. Фикр мекунам, ки ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби ин ёддошти тафоҳум ҳам барои ниҳодҳои расмии динӣ ва ҳам барои муҳоҷирон судманд хоҳад буд.

Пас аз дидор бо шайх Айнуддин ва намоз бо бархе аз муҳоҷирон, ки дар он ширкат доштанд, суҳбате мухтасар доштам. Дар ин суҳбат аз ниёзҳои руҳонии муҳоҷирон, вазъ дар кишварҳои мусулмоннишин, фитна дар миёни мусулмонон гуфтугӯ шуд.

Муҳоҷирон ин суҳбаҳоро хуб пазируфтанд ва идома доданашро хостанд, вале масъулони масҷид нагузоштанд, ки мо дар онҷо бо мардум суолу ҷавоб кунем. Аз ин рӯ ман пешниҳод кардам, ки муҳоҷирон худ макону замоне таъйин кунанд то дидорҳоро идома бидиҳем, ки дар чанд мулоқоте, ки дар ин рӯзҳо доштем ниёзҳояшонро шунидем ва дархостҳоямонро гуфтем.  

- Муҳоҷирони тоҷик дар Русия чи ниёзе доштанд ва Шумо чи дархосте аз онҳо доштед?

— Муҳоҷирон аз мушкилоти ҳаёташон гуфтанд ва ҳаёт ҳам ки ҳамеша мубориза аст ва нерӯҳои бадхоҳ низ ҳамаҷо, чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз кишвар, ҳастанд, ки талош доранд ҷавононро ба домашон биандозанд. Мо ҷавононро аз ҷиноёти ин нерӯҳо дар кишварҳои Ховари Миёнаву Наздик огоҳ кардаву гуфтем, ки аз онҳо пайравӣ накунанд.

Мо аз муҳоҷирини тоҷик дархост кардем, ки ба ҳеч гурӯҳе, ки онҳоро ба нерӯҳои тундрав ё мазҳаби ботил даъват мекунанд, ҳамроҳ нашаванд ва чуноне, ки пешвои миллат ҳам доим тазаккур медиҳанд, ки зиракии сиёсир аз даст надиҳанд то ҳеч бадхоҳе натавонад миёни онҳо фитна бар ангезад. Ман ҳам таъкид кардам, ки ҳар касеро, ки шуморо ба як гурӯҳи тундрав ё як мазҳаби ботил даъват кард, шумо бо пойафзоратон бар даҳанаш бизанеду бигӯед, ки "аз даҳонат бӯи хун меояд, ҷосусу хоин! Ту бо пуле, ки аз бегонагон мегирӣ, мехоҳӣ дар миёни мо финта бияндозӣ!"

- Бибахшед, мехостем мушаххас бифармоед, ки он гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ва мазҳаби ботил кадом ҳастанд?       

— Албатта, манзур аз гурӯҳи тундраву ифротӣ ҳамон "Давлати исломӣ" аст, ки чанд кишвари орому ободро харобазор гардондааст. Мазҳаби ботил ҳам он мазҳабҳое ҳастанд, ки берун аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки чандин кишвар дар Ховари Миёна ва наздик дар оташи низоъи шиъаву суннӣ сӯхтаву садҳо ҳазор кас дар ин ҷангҳо кушта шудааст, ман аз муҳоҷирон даъват кардам, ки аз мазҳаби Имом Абуҳанифа пайравӣ кунанд, ки падарону бобоёнашон садҳо сол аз он пайравӣ кардаву ҳама дар роҳи ҳаққ рафтаанд. Чуноне, ки таҷруба нишон медиҳад, кишваре, ки аксари кулли аҳолияш аз як мазҳаб пайравӣ мекунанд, орому осудаву обод аст, аммо кишваре, ки аҳолияш аз чанд мазҳаб пайравӣ мекунад, ноорому ноосуда аст. Ман аз Афғонистон мисол овардам, ки ҳамсояамон аст. Ин мисол таъна задан нест, балки воқеияту ҳақиқате аст, ки моро ҳам озор медиҳад. Чиҳил сол боз дар ин кишвар, ки низомаш ҷумҳурии исломӣ ҳам ҳаст, чанд гурӯҳи исломӣ мусулмонкушӣ доранд. Аз ин рӯ, ман аз муҳоҷирон хостам, ки аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ кунанд, ки мазҳабе муътадилу созгору таҳаммулпазир аст ва дурустиву ростияшро Қуръон таъйид мекунад.

- Мо дар Тоҷикистон як ақаллияти шиъа дорем, ки исмоилӣ аст. Робитаи аҳли суннат ва ҷамъоат ва аҳли шиъаи исмоилӣ дар Тоҷикистон чигуна аст? Оё он низ мазҳаби ботил шумурда мешавад ё на?

— Ман ҳамеша дар суханрониҳоям гуфтаву мегӯям, ки мо дар кишвар мазҳаби шиъаи исмоилия дорем, ки асрҳо боз бо аҳли суннат муносибати неку бародарона ва ҳамдигарфаҳмӣ дорад. Яке аз тафовутҳои аслии мазҳаби исмоилия бо мазҳаби дувоздаҳимомӣ ин аст, ки пайравонаш тақия намекунанд, яъне пинҳон кардани ҳадафу мақсад то пайдо шудани қувват дар исмоилия вуҷуд надорад. Онҳо ҳамеша дӯстиву муҳаббату бародариву ухувватро мақсади асосӣ қарор медиҳанд, ки мақсади асосии мо низ ҳаст. Ман борҳо дар Маркази исмоилия дар Душанбе бо руҳониёни ин равия суҳбатҳои рӯшану ошкоре доштаам. Албатта, он хатарҳое, ки аз шиъаи дувоздаҳимомӣ бар меояд, аз исмоилия бар намеояд. Аз ин рӯ, ман ҳамеша исмоилиёнро аз дувоздаҳимомиён ҷудо медонам, зеро ҳаргиз осебу зиёне аз онҳо надидаву умедворам, ҳаргиз ҳам нахоҳем дид. Торих ҳам собит карда, ки ҳанафиён ва исмоилиён метавонанд ҳамзистии мусолиматомезона дошта бошанд.

- Дар Тоҷикистон афзун бар шиъаёни исмоилӣ, шиъаҳои дувоздаҳимомӣ низ аз қадим боз зиндагӣ доранд. Оё ҳисоби онҳо аз ҳисоби дувоздаҳимомиҳои Эрон ҷудо аст ва ё онҳо низ ҷузъе аз ҳамонҳо ҳастанд? 

— Ман тоза мешунавам, ки дар Тоҷикистон пайравони шиъаи дувоздаҳимомӣ ҳам вуҷуд дорад. Аммо агар, ки ҳастанд, мушкиле нест, дар Тоҷикистон масеҳиёну будоиён ҳам зиндагӣ мекунанд. Лекин модоме, ки мо аз онҳо ҳеч хатаре эҳсос намекунем, онҳоро ҳамчун дӯсту бародар мепазирем. Агар ин нерӯҳои бадхоҳ миёни пайравони дину мазҳабҳо фитна наангезанд, онҳо ҳамеша дар сулҳу сафо зиндагӣ ба сар хоҳанд бурд. Мусулмонон аз шиъаву суннӣ садсолҳо дар Ироқу Яману Баҳрайну Афғонистон ҳамзистии муслиматомезе доштанд. Хавфи мо аз ин аст, ки нерӯҳои бадхоҳ миёни ин ду мазҳаб, ки аз як аслу асос пайравӣ мекунанд, фитна наандозанд. Мо дар усул ҳама яке ҳастем, аммо мутаассифона, дар масъалаҳои ҷузъие, ки аз табиати инсон бархостаанд, ихтилофи назар дорем. Мо ҳам дар дидору гуфтугӯҳо дар Маскав ва Санкт-Петербург бо муҳоҷирон ҷавононро аз ҳамин хатароту ихтилофот огоҳ кардем то ба ин кашокашҳо ҳамроҳ нашаванд ва онҳоро доман назананд.

- Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ниёз ба омӯзиши мазҳабӣ доранд. Оё аз Шумо напурсиданд, ки дар кадом мактабҳои исломии Русия метавонанд таҳсил кунанд?

— Ман дар мулоқот бо муҳоҷирон борҳо таъкид кардаам, ки дар ин масъала аз ниҳодҳои расмии исломии Русия ёрӣ ва раҳнамоӣ бигиранд. Суолҳои фиқҳӣ ва шаръии худро аз ниҳодҳо ва руҳониёне бипурсанд, ки давлат онҳоро масъул кардаву барои мо ҳам аз чеҳраҳои шинохта ҳастанд. Улуми мазҳабиро тавсия мекунем, ки дар донишгоҳҳои исломии Маскав ва Қазон ва дигар шаҳрҳо, ки барномаҳои омӯзишияшонро Вазорати омӯзишу улуми Русия таъйид кардааст, таҳсил кунанд.

- Оё дар ёддоштномае, ки Шумо бо Шурои муфтиҳои Русия имзо мекунед, дар назар нагирифтаед, ки барои муҳоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон имом-хатиб бифиристед то улуми исломро ба забони худашон таҳсил кунанд?

— Албатта дар ин ёддошт банде ҷой дода хоҳад шуд, ки намояндагони мо дар шаҳрҳои Русия, ки бештарини муҳоҷиронамон онҷо бошанд, расман фаъолият дошта бошанд. Аслан ин сафари мо ҳам ба ҳамин хотир буд, ки чанд намояндаамонро расман ба идораҳои динии Русия муаррифӣ кунем то дар чорчӯби қонунҳои ҷории он кишвар бо муҳоҷирон суҳбат кунанд. Мо ҳарҷо ки суҳбате кардем, муҳоҷиронро ба қонунмадорӣ ва қонунмандӣ фаро хондаем то аз қонунҳои он кишвар итоат ва онҳоро риоят кунанд.         

- Номи Шуморо имсол дубора дар шумори 500 обрӯмандтарин мусулмони ҷаҳон овардаанд. Шумо аз ин чи эҳсосе доред?

— Ростиро бигӯям, ман аз ин ки номамро дар ин феҳрист овардаам, хиҷолатзада ҳастам. Фикр мекунам, ки инҷо иштибоҳе шудааст, чун ман ҳеч хидмате накардаам, ки сазовораш бошам. Ман ҳар коре, ки мекунам, ба хотири Худованди аззаву ҷалл ва оромии кишварам ва дину мазҳабам мекунам ва ҳамеша дар барои оромиву осудагиву дӯстив бародарии кулли уммати ислом дуъо мекунам.

- Худованд дуъоҳои Шуморо қабул кунаду аҷратон бидиҳад. Мо ҳам дуъо мекунем, ки Шумо ҳамеша тандурусту комёб бошед! Сипосгузорем аз ин фурсате, ки дар ихтиёрамон гузоштед!

— Омин! Шумо ҳам сиҳату саломат бошед ва Худо нигаҳдоратон бод!

Мавзуъ

Мулоқоти панҷсоатаи Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург
Саидмукаррам Абдулқодирзода барои мулоқот бо муҳоҷирони тоҷик ба Русия омад
Абдулқодирзода: маҳдудияти динӣ дар Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ вуҷуд дошт, ҳоло не
Мулоқоти Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтии Истамбул дар бораи ҲНИТ ва табаддулотҳо
Шӯрои уламои Тоҷикистон Иди Рамазонро муайян кард: шарҳи Абдулқодирзода
Абдулқодирзода: мо барои он хору залил шудем, ки аз илм рӯ гардонидем
Абдулқодирзода: барои муайян намудани андозаи риш супориш нагирифтаем
Раҳмон ва Абдулқодирзода дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор
Барчаспҳо:
ҳамзистии мусолиматомез, исмоилӣ, ҳанафӣ, суннӣ, шиъа, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ