10:45 18 январи 2018
Пахши мустақим
Армен Гаспарян, акс аз бойгонӣ

Гаспарян: суханҳои Орбан дар бораи "истилогарони мусулмон" қонунмандона ҳастанд

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
6802

Коршинос Армен Гаспарян изҳороти нахуствазири маҷористонӣ Виктор Орбанро дар бораи муҳоҷирони мусалмон тавзеҳ дод

Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан гурезаҳои Шарқи Наздикро "мусалмонони истилогар" номид, ки бо мақсади зиндагии беҳтар ба кишварҳои Иттиҳоди Авурпо рӯй овардаанд.

Сиёсатшинос Армен Гаспарян мегӯяд,  ин изҳорот қонунманд аст. Ба гуфтаи вай, муддати тӯлонист, ки дар Аврупо мушкилии муҳоҷиратӣ сар задааст.

"Ман аз изҳороти сиёсатмадори маҷористонӣ  шигифтзада нестам. Бояд дарк кард, ки бӯҳрони чандгонагии фарҳангӣ, ки 12 соли охир Аврупоро фаро гирифтааст, наметавонист ба рӯҳияи ҷамъият ва сиёсатмадорон таъсир накунад,- гуфтааст, Армен Гаспарян ба хабарнигори Sputnik Белорус.

Ба гуфтаи вай, сарвазири маҷористонӣ яке аз мавзӯъҳои солро боло бардоштааст.

"Русия низ ин гуна мушкилотро дорад. Мо бояд барномаи махсуси муносибат бо муҳоҷиронро коракард кунем",- гуфт Гаспарян.

Ин коршимнос аз падид омадани ташаккулҳои бо фарҳанги бегона дар Русия, ки муҳоҷирон бунёд мекунанд, ҳушдор медиҳанд.

Сӯҳбати пурраи коршиносро метавон дар сабти овозӣ шунид.

Барчаспҳо:
истилогар, муҳоҷират, мусалмон, Армен Гаспарян, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ