05:43 21 августи 2017
Пахши мустақим
Акс

Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0
  • Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
  • Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
  • Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
  • Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
  • Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
  • Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
  • Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
  • Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
  • Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
  • Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
© Sputnik Амир Исаев
Ин рӯз барои бузкашӣ хеле мусоид буд.

Наврӯз ҳамеша бо бозиҳои гуногун ва тафреҳи мухталиф зебо аст. Дар рӯзҳои иди имсола дар шаҳри Қӯрғонтеппа мусобиқаи бузкашӣ баргузор гардид, ки хеле хотирмону диданӣ буд. Аксҳои зерин аз ҷараёни бозӣ нақл мекунанд.

 Бузкашӣ варзиши суннатии халқҳои Осиёи Марказӣ аст. Дар ин навъи варзиш ва ё бозӣ саворон ва ё ҳамон тарзе, ки миёни ҳаводорони бузкашӣ маъмул аст, човандозон (ва ё чопандозон)-и моҳир ва ҷасур рақобати диловаронаеро ба намоиш мегузоранд.

Дар ҳар кадоме аз кишварҳое, ки бузкашӣ он ҷо ривоҷ дорад — Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон ин навъи бозӣ вижагиҳои худро дорост.

Дар бархе аз навиштаҳои таърихӣ ва ковишҳои муҳаққиқон зикр шудааст, ки бузкашӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои 11-ум ва 12-ум, дар давраи Чингизхон ҷоиз шудааст.

 

Мавзуъ

Бузкашӣ - бозии суннатии сокинони минтақа аст

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ