00:30 22 январи 2017
Пахши мустақим
Акс

Дар Тоҷикистон 300 кг маводи мухаддир нобуд карда шуд

Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0
  • Маросими нобудсозии маводи мухаддир дар Тоҷикистон

© Sputnik
Дар маросими нобуд сохтани маводи мухаддир раиси Оҷонсии назорати маводи нашъовари назди президенти ҶТ Шерхон Салимзода низ ширкат кард.

Имрӯз дар Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддири назди президенти ҶТ амалиёти нобуд кардани зиёда аз 300 кг маводи нашъадор бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар гузаронида шуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ пешгирии ҷавонон ва ҷомеъа аз истифодаи маводи мухаддир мебошад.

Дар ҳузури рӯзноманигорони маҳаллӣ ва ВАО-и хориҷӣ, намояндагони додгоҳ, мақомоти ҳивзи ҳуқуқ дар танӯри махсус 303,04 кг маводи мухаддир нобуд карда шуд.

Дар маросими нобудсозии маводи мухаддир намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, роҳбари Идораи минтақавии СММ оид ба мубориза бар зидди маводи нашъадор дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал, ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии хонум Саломат Азимӣ-вазири вазорат оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддири Давлати Исломии Афғонистон иштирок карданд.

Дар давоми 17 соли охир дар танӯри Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир зиёда аз 17 тонна намуди гуногуни маводи нашъадор сӯхта нобуд карда шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ