03:36 29 июни 2017
Пахши мустақим
Акс

Консерт ва намоиши аксҳо дар маркази фарҳангии "Бактрия" дар Душанбе

Гирифтани линки кӯтоҳ
5010
  • Иштирокчии консерт Фархунда Олимӣ(фортепиано)
  • Тамошобинони баромадҳои мусиқичиёни ҷавон ва боистеъдодро ба завқ тамошо мекунанд
  • Меҳмони намоишгоҳи аксҳо эҷодиёти аккос Иля Лазаровро аз назар мегузаронад
  • Аккосон Шаҳром Авезов (аз рост)ва Ҷамшед Холиқов(аз чап)
  • Идибек Тошев бо асбоби мусиқии миллии рубоб
  • Дар саҳна Олга Остроухова ва Шаҳриёр Ҳабибов
  • Консерт ва намоиши аксҳо дар маркази фарҳангии Бактрия дар Душанбе
  • Супоридани мукофотпулӣ ба Идибек Тошев барои иштирок дар озмуни мусиқавӣ дар Тошканд. Дар расм аз тарафи рост: шоира, нависанда ва рӯзноманигор Амалхонум Ҳоҷиева
  • Ҳафтаи фарҳанги аврупоӣ дар Душанбе аз санаҳои 10-ум то 16-ум баргузор мешавад ва чорабиниҳои гуногунро ба монанди консерт, фестивали филм, лексия ва балет дар бар мегирад
© Sputnik Амир Исаев
Иштирокчии консерт Фархунда Олимӣ(фортепиано)

Дар Душанбе, дар маркази фарҳангии "Бактрия" санаи 11-уми октябр консерти шигирдони қобилиятноки мактаб-интернати мусиқии махсуси ба номи М. Атоев ва номиошгоҳи аксҳо баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи Ҳафтаи аврупоӣ 2016 баргузор шуд

Маркази фарҳангии "Бактрия" санаи 14-уми декабри соли 2001 аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии Фаронса оид ба ёрии гуманитарӣ ва рушд- ACTED (Agency for Technical Cooperation and Development)  ба фаъолияти худ шурӯъ кардааст. Ифтитоҳи маркази фарҳангӣ дар рушди фарҳанги Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.

Дар саҳнаҳои марказ мунтазам намоишгоҳҳои аккосони тоҷик, рассомон, чорабиниҳои мусиқӣ дар жанрҳои гуногун, шеърхонӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин дар "Бактрия" курсҳои омӯзиши забонҳо ташкил карда шудааст, ки дар он ҳар як хоҳишманд метавонад забонҳои англисӣ, фаронсузӣ ва олмониро аз худ кунад.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ