18:54 23 июни 2017
Пахши мустақим
Акс

Лаҳзаҳои беҳтарини мусобиқаи волейбол дар Маскав

Гирифтани линки кӯтоҳ
23011
  • Сабқати байналмиллалии волейбол дар Маскав

© Sputnik Антон Девяткин
Дар мусобиқа намояндагони миллатҳои гуногун ширкат варзиданд.

Дар Маскав сабқати байналмиллалии волейбол, ки дар қасри варзиши ба номи Иван Яригин баргузор гардид, ҷамъбаст шуд.

Дар сабқат намояндагони миллатҳои гуногун ширкат варзиданд. Намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Қалмиқистон ва Ҷумҳурии Бурятия байни ҳам рақобат карданд. Мусобиқа ба Рӯзи ваҳдат бахшида шуда буд.

Ташкилкунандагони асосии сабқат ташкилоти "Нур", "Помир" ва ҳукумати Маскав мебошанд. Ба гуфти ташкилкунандагони сабқат ният ҳаст, ки ин мусобиқа ҳамасола гузаронида шавад. Эҳтимол аст, ки сабқати навбатӣ бо ҷалби доираи бештари дастаҳои иштирокчӣ гузаронида шавад, чун дар ин мусобиқа дастаи Қазоқистон натавонист сари вақт ҳозир шавад.

"Мо мехоҳем, ки муҳоҷирон на фақат дар бораи кор фикр кунанд, балки ҳиёти фаъол дошта бошанд",-изҳор дошт ба Sputnik Тоҷикистон раиси кумитаи варзиш ва ҷавонони ташкилоти "Нур" Анзор Назархудоев.

Дар сабқати байналмиллалии волейбол дастаи Қирғизистон ғолиб омада, ҷои дуюм насиби дастаи "Памир-Москва" гардид. Мақоми сеюмро тими "Шоҳдара" гирифт. Барои мақоми аввал 30-ҳазор рубли русӣ, барои ҷои дуюм-20 ҳазор ва барои мақоми 3-юм 20 ҳазор рубли русӣ дода шуд.

Бозии дастаҳо аз ҷониби доварони касбӣ баҳогузорӣ карда шуд. Ташкилкунандагони мусобиқа ният доранд, ки соли оянда сабқатро бо барномаҳои иловагӣ пурратар гардонанд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ