18:50 23 июни 2017
Пахши мустақим
Акс

Душанбе дар иҳотаи барф

Гирифтани линки кӯтоҳ
24823
  • Душанбе дар иҳотаи барф махсусан бегоҳирӯзӣ хеле романтикӣ менамояд
  • Ҷой, ҷой барф об шуда ба лой мубаддал шудааст
  • Кӯчаҳои шаҳри Душанберо барф иҳота кардааст
  • Боридани барф барои сайёҳат бо дӯстон баҳона намешавад
  • Бориши барф ҳаракати нақлиётро дар пойтахти Тоҷикистон суст кард
  • Тибқи иттилои оҷонсии обуҳавошиносӣ барфрезӣ дар Душанбе ҳамоно идома хоҳад кард
  • Сокинони шаҳри Душанбе ба хонаҳояшон мешитобанд
© Sputnik
Душанбе дар иҳотаи барф махсусан бегоҳирӯзӣ хеле романтикӣ менамояд.

Рӯзҳои охир натанҳо шаҳри Душанбе балки дигар манотиқи кишварро барфи зиёд иҳота кардааст. Намояндагони оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯянд, ки барфрезӣ ҳамоно идома хоҳад кард

Дар баробари ин КҲФ ҳамоно аз барфрезӣ  ва афтидани шушаҳои ях огоҳ мекунанд.

"Бар асари ҳавои тағйирёбанда ва афтиши ҳарорат дар қаламрави кишвар хатари лағзиши барфтӯда ва яхпора аз бомҳо, ҳамчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳо афзудааст ва ин метавонад сабабгори ҷароҳатдор шудани одамон ва ҳодисаҳои нохӯши дигар шавад",-омадааст дар иттилоия.

Дар бастагӣ бо ин Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми гаштугузор ба ҳолати бомҳо таваҷҷуҳ кунанд.

Аз падару модарон хоҳиш мешавад, ки фарзандони хурдсоли худро беназорат нагузоранд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ