20:26 17 августи 2017
Пахши мустақим
Акс

Намоишгоҳи худрав-2017 дар Женева

Гирифтани линки кӯтоҳ
24821
  • Mazda дар намошгоҳи Женева
  • Lexus LS500h бояд рақиби арзандаи BMW 7 гардад
  • Porsche Panamera Turbo Sport Turismo шитоб ба роҳ дорад
  • Opel Insignia-и ҷадид нисбат ба модели пешин дорои хусусиятҳои бештари варзишӣ мебошад
  • Кроссовер Пежо 3008 дар Женева беҳтарин автомошинаи соли 2016 дониста шуд
  • Skoda барои  Женеве модели нави Octavia RS 245-ро нишон дод
  • Volkswagen Arteon-и ҷадид ба тамошобинон писанд омад
  • Роҳбарони PSA, GM ва Opel оиди додани бенди Opel ба фаронсавиҳо шартнома ба имзо расониданд
  • Volvo XC60-и нав дар намоишгоҳ
© REUTERS/ ARND WIEGMANN
Mazda дар намошгоҳи Женева.

Дар шаҳри Женева 87-умин намоишгоҳи худрав дарҳои худро ба рӯи боздидкунандагон боз кард. Ин бор ҳам маъруфтарин ширкатҳои худравсози ҷаҳон худравҳои ояндаи дурро ба намоиш гузоштанд

Вале дар он миён худравҳое ҳам дида мешаванд, ки дар ояндаи наздик ба бозор хоҳанд расид.

Ёдовар мешаваем, ки намоишгоҳи худрави Женев яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои худрав дар ҷаҳон аст ки онро Созмони байнулмиллалии тавлидкунандагони васоили нақлияи мутурӣ ҳар сол дар моҳи март баргузор мекунад. Дар ин намоишгоҳ маъмулан намунаҳои беҳинасозишудаи худравҳои сохташаванда ва муделҳои ояндаро ба тамошо мегузоранд.

Дар намоишгоҳи имсол намунаҳои беҳинасозишудаи худравҳои Range Rover Velar, Mazda CX5, Porsche Panamera Turbo Sport Turismo ва Volvo XC60 намоиш дода шуданд.

Дар ҳошияи намоишгоҳи худрави Женева эълон шуд, ки гурӯҳи фаронсавии “PSA” ширкати худравсозии олмонии “Opel”-ро харидааст.

Дар чорчӯби ин намоишгоҳ Ҳамоиши миёнкишварии тарбарии пешрафта низ баргузор мешавад ки дар он дар бораи худравҳои оянда сухан гуфта мешавад.

Барчаспҳо:
Женева, намоишгоҳ, худрав, намоиши худрав-2017, Женева

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ