01:06 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Акс

Мактаб,мева ва чорво: боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Хатлон

Гирифтани линки кӯтоҳ
18620
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон

© Фото: Официальная страница президента РТ в Facebook
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни гузоштани хишти аввал дар яке аз корхонаҳои истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ноҳияи Данғара бо рушди соҳаҳои гуногуни ин ноҳияи Хатлон шинос шуд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди сафари корӣ ба ноҳияи Данғара якчанд бунгоҳи омӯзишиву кишоварзиву санъатиро ифтитоҳ кард.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, раҳбари Тоҷикистон дар раванди ин сафар дар рустоҳои Сангтӯда ва Хуррамзамин сохтмонҳои нави ду дабиристонро ба баҳрабардорӣ расонд.

Вай ҳамчунин дар маросими баҳрабардорӣ аз марҳилаҳои дувум ва севуми тарҳи обёрии заминҳои кишоварзии водии Данғара ширкат кард. Дар паи иҷрои ин тарҳ дар солҳои 2001 — 2016 бар заминҳои кишоварзии ноҳия боз 4,2 ҳазор ҳектор киштзор афзуда шуд. Ҳазинаи куллии иҷрои ин мароҳил 42 милюн дулор буда ва барои иҷрои мароҳили поёнии он дар соли 2017 беш аз 380 ҳазор дулор ҳазина шудааст.

Дар ин сафар ҳамчунин ҷӯйбори обёрии тарҳи "Водии Данғара — 3" низ ба баҳрабардорӣ расонда шуд. Ин ҷӯйбор 39 килуметр дарозо дорад ва оби рӯди Вахшро ба 900 ҳектор пахтазор, 300 ҳектор гандумзор, 100 ҳектор полез, 100 ҳектор алафзор ва 300 ҳектор боғ хоҳад расонд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ