12:08 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Акс

Гузориши аксӣ аз мусобиқаи футбол барои "Ҷоми Оқохони IV" дар Маскав

Гирифтани линки кӯтоҳ
47871
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Дастаи Вамар ҷомро таҳти навои доира ба майдон бароварданд
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве
  • Ҷоми Оқохони 4- маросими кушодашавӣ дар Маскав
© Sputnik Каллиников Кирилл
Дар ин барномаи варзишӣ ҳаводорони футбол, раиси созмони иҷтимоъии "Нур" Алимамад Боймамадов, раиси созмони иҷтимоъии "Помир" Анзор Назархудоев ва раиси кулли Созмони муҳоҷирони Русия Вадим Коженов ширкат доштанд.

Рӯзи 20 май дар майдони "Спартак" Маскав маросими ифтитоҳи мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Оқохони IV" баргузор шуд

"Ҷоми Оқохони IV" дар ҷаҳон ягона буда, ҳар сол дар Маскав барои ба даст овардани он мусобиқаи футбол ташкил мешавад. Имсол 19 даста аз деҳаҳои гуногуни ВМКБ барои ин ҷоиза рақобат мекунанд.

Дар ин барномаи варзишӣ ҳаводорони футбол, раиси созмони иҷтимоъии "Нур" Алимамад Боймамадов, раиси созмони иҷтимоъии "Помир" Анзор Назархудоев ва раиси кулли Созмони муҳоҷирони Русия Вадим Коженов ширкат доштанд. Бозии дастаҳоро доварони пешакор аз федеросюни доварони Русия арзёбӣ мекунанд.

Алимамад Боймамадов, раиси созмони "Нур", дар суханронии худ ёдовар шуд, ки имсол мусобиқот дар чорчӯби Соли ҷавонон ва Ҷашни 60-умин солгарди Имомати Волоҳазрат Оқохони IV баргузор мешавад.

"Варзиш яке аз муҳимтарин омилҳоест, ки инсонҳоро бо ҳам меорад. Ман аз ҳамаи тамошобинон хоҳиш мекунам, ки тартиботро дар давраи сабқат риоя кунанд. Ба варзишгарон мувафаққият орзу дорам", — гуфт Алимамад Боймамадов.

Мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 15 июли соли равон идома мекунад. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар майдони "Спартак" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.

Мавзуъ

Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам
Нуриддин Давронов: дар куҷое набошам, ба “Истиқлол” бармегардам
Нуриддин Давронов ба “Дунав”-и Булғористон гузашт
Барчаспҳо:
"Ҷоми Оқохони IV" - 2017, Маскав

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ