05:32 25 июли 2017
Пахши мустақим
Акс

Аз тақдими портрет то шеъру суруд: Пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат

Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷашни 20 -солагии Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон (18)
327 0 0
  • Ваҳдатиён раисҷумҳурро гарм пешвоз гирифтанд
  • Занон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Ваҳдат, хуш омадед мегӯянд
  • Гулдухтарон бо рақс ва тарона раисҷумҳурро пешвоз гирифтанд
  • Кӯдакон низ ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон баромаданд
  • Акси дасти дуои модар ба Эмомалӣ Раҳмон- тӯҳфаи сокинон ба раисҷумҳур
  • Раисҷумҳур дар тӯйи арӯсию домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ширкат кард
  • Шаҳодатномаи ақди никоҳро навхонадорон аз дасти Эмомалӣ Раҳмон гирифтанд
  • Раисҷумҳур як бинои 20 ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор додааст, ки он аз 270 хонаи якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ иборат аст
  • Владимир Шербаков ба Эмомалӣ Раҳмон нишони тилло тақдим кард
© Фото: Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳур
Ваҳдатиён раисҷумҳурро гарм пешвоз гирифтанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок дорад

Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Ваҳдат гарм истиқбол гирифтанд. Раисҷумҳур як бинои 20 ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор додааст, ки он аз 270 хонаи якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ иборат аст.

Дар ин ҷо раисҷумҳур дар тӯйи арӯсию домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ширкат карда, ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки бинои 20 ошёна бо маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якуми он марказҳои хизматрасонию савдо, дар ошёнаи дуюм маркази саломатӣ ва дар ошёнаи сеюм маркази омӯзишии касбу ҳунарҳо ташкил карда мешавад.

Ин бино аз таҳхонаи дуошёна барои 42 адад мошини сабукрав ва ду даромадгоҳ иборат мебошад, ки имкон медиҳад 80 нафар дар ин ҷо бо ҷои кори доимӣ таъмин гарданд. Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои бунёд намудани боз 4 адад бинои баландошёна ва кӯдакистону дармонгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Мавзуҳо:
Ҷашни 20 -солагии Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
пешвози раисҷумҳур дар шаҳри Ваҳдат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ