09:20 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Акс

Аз подоши раисҷумҳур ба духтари хатлонӣ то ...: гузориши тасвирӣ аз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон

Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0
  • Духтарон дар тан либоси миллӣ ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон баромаданд
  • Дар Қубодиён дар майдони 2764 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд
  • Дар Қубодиён барои раисҷумҳур маҳсулоти кишоварзии ноҳияро ба намоиш гузоштанд
  • Бонувони хатлонӣ ҳунари нонпазиашонро дар назди кишвардор намоиш доданд
  • Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия барои истифодаи самараноки ҳар порча замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар дастуру ҳидоятҳои муфид дод
  • Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи киштзори хоҷагиҳои деҳқонии Авазбобо, Каромат, Оғобек-2012, Одилҷон ва Каримбобо шинос шуд
  • Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони хатлонӣ
  • Занон бо либоси миллӣ ба мулоқоти раисҷумҳур омаданд
  • Тӯҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ба духтари хатлонӣ
Духтарон дар тан либоси миллӣ ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон баромаданд

Рӯзи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба се навоҳии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4-уми августи соли ҷорӣ ба ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Дар чорчӯби ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар бунгоҳҳои кишоварзии деҳаи Ҳаваскор аз ҷамоъати деҳоти Тахти Сангин шинос шуда, ҳамзамон аз намоиши дастовардҳои кишоварзию чорводорӣ ва санъатии ин ноҳияҳо дидан кард.

Дар ноҳияи Шаҳритус Эмомалӣ Раҳмон аз бунгоҳҳои кишоварзии ҷамоъати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов боздид кард ва бо фаъолияти кишоварзоне ошно шуд, ки дар парвариши сабзавоту полезӣ, пахта, боғдорӣ ва тавлиди дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд.

Дар ноҳияи Носири Хусрав раисҷумҳур бо вазъи киштзори бунгоҳҳои кишоварзии "Авазбобо", "Каромат", "Оғобек-2012", "Одилҷон" ва "Каримбобо" ошно шуда, аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳия ноҳия низ боздид кард.

Барчаспҳо:
сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ