11:15 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Акс

Тоҷикон, узбакон, арманиву эрониҳо: консерти Андӣ, дӯстии халқҳо ё мусиқӣ сарҳад надорад

Гирифтани линки кӯтоҳ
12910
  • Ассалому алайкум, дӯстони азаз! Хеле шодам аз дидоратон. Ҳолатон хуб ҳаст, — гуён Андӣ дили мухлисонашро шод карду ба сароидани суруди Чашмони нозат ҳунарнамоияшро оғоз бахшид.
  • Вақте Андӣ аз дурӣ дар саҳна намудор шуд, мардум Андӣ, Андӣ, Андӣ гуён бо овози ҷарангосӣ садои мусиқиро ҳам пахш карданд.
  • Беш аз ду соат Андӣ бо овози зинда дар назди тамошобинони тоҷику афғон, русу анрманӣ, эрониву узбаку қазоқ ҳунарнамоӣ кард
  • Ба ҷои тамошои овозхон, наздики 97 дарсади тамошобинон дар даст Айфон ва кӯшиш мекарданд тариқи интернет аз консерти Андӣ ба дӯстонашон хабар диҳанду худи Андиро на аз пеш, балки тариқи видеои телефонӣ бо дастони бардошта тамошо мекарданд.
  • Ман аз он сӯи уқёнус барои дидори ҳамватанонам, ҳамзабононам омадам. Пас чаро ин ҷо монеъаҳо мондаанд миёни мову шумо, —гила мекард овозхони номӣ аз монеъаҳои дар байни тамошобинону саҳна гузошташуда.
  • Ровиёни барнома низ табъи хуш доштанд, зеро Андӣ дар саҳна буд
  • Мухлисони армании Андӣ Мададиён
  • Соати 22:37 консерти Андӣ анҷом ёфту мухлисонаш то истгоҳи метро баргузории консертро муҳокима мекарданд. Гурӯҳе ҳам дар сари роҳ аз ҳунарнамоии Андӣ чунон ба ваҷд омада буд, ки бо овози баланд сурудҳои Андиро зам зама карда мерафт…
© Sputnik Стас Этвеш
"Ассалому алайкум, дӯстони азаз! Хеле шодам аз дидоратон. Ҳолатон хуб ҳаст", — гуён Андӣ дили мухлисонашро шод карду ба сароидани суруди "Чашмони нозат" ҳунарнамоияшро оғоз бахшид.

Андӣ Мададиён- ҳунарманди маъруфи Шарқ дар Маскав ҳунарнамоӣ кард. Корсерти Андӣ шоми дӯстии халқҳоро мемонад, ки ҳама ба хотири мусиқӣ ҷамъ омада буданд

Дар консерти Андӣ Мададиён тоҷикону эрониҳо ва афғониву арманиву узбакҳо ҷамъ омада буданд. Дигар муҳим набуд, ки ҳунарманд бо кадом забон месарояд, форсӣ ё арманӣ, ҳама истиқбол мекарданд ва қариб ҳама рақс мекарданд.

Барчаспҳо:
консерт, Андӣ Мададиён, Русия

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ