13:22 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Акс

Гузориши аксӣ аз ҳунарнамоии Манижа Сангин дар Маскав

Гирифтани линки кӯтоҳ
20720
  • Консерти Манижа Сангин дар Маскав
  • Консерти Манижа Сангин дар Маскав
  • Консерти Манижа Сангин дар Маскав
  • Консерти Манижа Сангин дар Маскав
  • Консерти Манижа Сангин дар Маскав
  • Консерти Манижа Сангин дар Маскав
© Sputnik Стас Этвеш
Ба консерти Манижа Сангин ҷавонони Маскав, ки дар шабакаҳои Instagram ва Facebook эҷодиёт ва зиндагии овозхони дӯстдоштаи худро пайгирӣ мекунанд, омада буданд.

Шоми 27 октябр, овозхони номдори тоҷики муқими Русия-Манижа Сангин дар толори зеботарини Маскав "Дом Союзов" барномаи ҳунариашро пешкаши мухлисонаш гардонид.

Ба консерти Манижа Сангин ҷавонони Маскав, ки дар шабакаҳои Instagram ва Facebook эҷодиёт ва зиндагии овозхони дӯстдоштаи худро пайгирӣ мекунанд, омада буданд.

Нафаре бо дӯстдухтар, дуюмӣ ҳамроҳи ҳамсинфон ва дигаре ҳам ҳамроҳи рафиқон.

 

Толори "Дом союзов" ҷои барҳавоеро мемонд, ки бо ивазшавии ҳар суруду мусиқӣ бо ҷилоҳои рангоранг тамошобинонро ба дунёи ғайримаъмулии Манижа ворид мекард.  

Агар бархеро овозу ҷаззобияти худи Манижа тасхир карда бошад, дигаронро қобилияти ташкилотчигӣ ва озод будан дар саҳна ба ваҷд овард. Ҳар нафаре, ки дар консерти Манижаб уд, ё дар телефонаш акс мегирифт, ё ба навораш мегирифт, ё бо ишораи Манижа ва навозандагон ба рақс медаромаду бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ҳунарнамоии Манижаро қадр мекард.

Манижа бошад қабл аз шурӯъи ҳар як суруд ва бахусус сурудҳои тозаэҷодаш каме дар бораи таърихи пайдоиши онҳо ва ё сабаби пайдошавии ин ё он суруд нақл мекард. Масалан дар бораи суруди "Изумруд", ки суруди тозаэҷодаш ҳаст Манижа гуфт, ки ба ин шеър меҳри хоссае доад.

Мавзуъ

Манижа Сангин бо ҳунарнамоияш маскавиҳоро "ба по" хезонд
Барчаспҳо:
консерт, Манижа Сангин, Маскав

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ