13:22 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Акс

Гузориши аксӣ аз гашту гузори Раҳмон ва Бердимуҳаммадов дар Варзоб

Гирифтани линки кӯтоҳ
191430
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
  • Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
  • Бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар Варзоб
  • Бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар Варзоб
  • Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Гашту гузори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар Бӯстонсарои ҳукумат дар Варзоб.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Эмомалӣ Раҳмон боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои шаҳрии ҳукуматро тамошо карданд

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, сафари кории Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Тоҷикистон имрӯз анҷом ёфт.

Пеш аз сафар ба Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар боғи Бӯстонсарои ҳукумати кишвар дар Варзоб гашут гузор карданд.

Сайру гашти меҳмон дар фазои гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Ба меҳмон намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун, сабзавоту меваҳои тару тоза ва шаҳдбори Тоҷикистон, хушкмеваҳо, нону кулчаҳо, анвои дигар ва таъомҳои хушлаззати миллӣ намоиш дода шуд, ки писанди меҳмонон гардид.

Сарони давлатҳо дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумат, воқеъ дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд.

"Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби  Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шуданд", — омадаааст дар хабарнома.

Мавзуъ

Пас аз гашту гузор дар Варзоб, Раҳмон Бердимуҳаммадовро ба Ишқобод гусел кард

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ