20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Акс

Гузориши аксӣ аз консерти гурӯҳи "Шамс" ва Салим-Сулаймон дар Маскав

Гирифтани линки кӯтоҳ
77440
  • Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав

Sputnik / Стас Этвеш
Ризокорон бо лаби хандон ва кордонӣ меҳмононро ҷо ба ҷо мекарданд.

Гурӯҳи "Шамс" бо сурудҳои ором, Салиму Сулаймон бо оҳангу сурудҳои ҳиндӣ ва овозхонони роҷистонӣ бо ғазалсароӣ панҷ соат ба муносибати 60-умин солгарди имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ҳунарнамоӣ карданд

Дирӯз, 12 ноябр дар толори консертии "Россия" дар шаҳри Маскав консерти бузург — "Сафари ҳунарии гирди ҷаҳон" ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" бо ширкати 35 овозхон аз Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор шуд.

Нобоварро тамошобинон чун ҳамеша бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Гурӯҳи "Шамс" имрӯз на барои "покӯбиву дастафшонии" тамошобинон ҳунарнамоӣ кард, балки ба хотири навозиши руҳу ҷони онҳо сурудҳое дар ситоиши Худову расул ва имомон иҷро кард. Ӯ аз ашъори Саъдиву Ҳофиз ва Саноиву Мавлавӣ шеърҳоеро хонд ва таронаҳои тозаашро пешкаши тамошобинон кард.

Салим ва Сулаймон дар рафти ҳунарнамоӣ пеш аз оғози ҳар суруде муҳтавои онро ба тамошобинон мегуфтанду боре ҳам аз тамошобинон хостанд, ки чароғҳои телефонашонро рӯшан кунанду чанд вожа аз таронаро ҳамроҳашон ҳамхонӣ кунанд.

Тамошобинон худро гӯё дар филмҳои ҳиндӣ эҳсос мекарданд, ки "Ишқ, Вала, Лав"-гӯён бо Салиму Сулаймон ҳамхонӣ мекарданд.

Барчаспҳо:
консерт, Созмони "Нур", Русия, Маскав

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ