Кабирӣ: мо набояд ба майдони бархӯрди ФР ва Чин табдил шавем

© Sputnik / Амир ИсаевМухиддин Кабири на парламентских выборах 1 марта 2015 года
Мухиддин Кабири на парламентских выборах 1 марта 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бовар дорад, ки Русия иттифоқчии асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Чин ба иқтисоди Тоҷикистон аз Русия бештар сармоягузорӣ мекунад, аммо ин омил набояд боиси ранҷиши яке аз ҷонибҳо бошад, зеро ҳукумати ҶТ ба ҳеч ваҷҳ шарики стратегии худ дар симои ФР-ро аз даст доданӣ нест. Дар ин бора раиси ҲНИТ аснои мусоҳиба бо IslamLife иброз доштааст.

"Чин, агар мо инро мехоҳем ва ё не, бо ба ҳисобгирии воқеъияти рӯз яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Барои ҳамин, Русия ва Чин ба хулосаи умумӣ биёянд, то Тоҷикистон ба ҷои бархӯрди абарқудратҳо табдил нашавад. Онҳо бояд ба якдигар забон ёбанд, фикр мекунам ин созиш миёни ФР ва ҶМЧ аллакай ба даст омадааст",- гуфт Кабирӣ.

Роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бовар дорад, ки Русия иттифоқчии асосии Тоҷикистон дар масоили ҳамкориии иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳанг ва маориф боқӣ мемонад.

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ аз сармояи умумии воридшуда дар соли 2013 ба иқтисоди Тоҷикистон, қисмати аъзаи онро Ҷумҳурии мардумии Чин ворид кардааст. Ин рақам ба 166,1 миллион доллар, ё муодили 48,7 % —и сармояи умумии хориҷӣ мебошад. Чин бештар дар бахшҳои хидматрасонии молиявӣ, геология, саноат ва сохтмону бунёди сохторҳои технологӣ кӯмак мерасонад.

Дар ҳамин ҳол, аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар, ё нисфашро маҳз қарзҳои боимтиёзи Чин ташкил медиҳанд ва бар изофа, дар моҳи сентябр зимни сафари давлатиаш ба Тоҷикистон раҳбари Чин Си Ҷинпинг ба Душанбе дар чанд соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллари дигар додааст. Аз ин миқдор беш аз 3 миллиардаш барои сохтани хатти чорум лӯлаи гази Осиёи Марказӣ — Чин сарф хоҳад шуд. Тавассути ин лӯла, ки 400 километраш аз ҳудуди Тоҷикистон — аз Турсунзода то Ҷиргатол — хоҳад гузашт ва сохтмонаш ҳам моҳи сентябр оғоз ёфт,  бояд гази Туркманистон то вилоятҳои ғарбии Чин расонда шавад.

Аз Федератсияи Русия бошад, маҷмӯан дар соли гузашта 78,5 миллион, ё баробар ба 23 дарсади сармояҳои хориҷӣ ворид шудааст. Русия дар соҳаҳои алоқа, тандурустӣ, саноат ва маорифи кишвар сармоягузорӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0