Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи СПАД ба Маскав рафт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл в Москву с официальным визитом. Архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл в Москву с официальным визитом. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор аст давраи раҳбарии СПАД дар соли 2015 ба души Тоҷикистон вогузор шавад

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 декабр дар раъси як ҳайати баландпоя ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Маскав рафт, хабар медиҳад сомонаи президент.

Президентро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Нишасти СПАД рӯзи 23 декабр бо ширкати сарони давлатҳои узв баргузор мешавад ва раёсати ин созмон аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад.

Русия тавофуқномаи СПАД-ро тасвиб кард

Имрӯз, 22 декабр нахуст натиҷагирии кори солонаи ин созмон дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ, вазирони дифоъ ва котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узв дар назар аст ва рӯзи сешанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ бо ширкати президентони кишварҳои узв баргузор мешавад

Дар барномаи нишасти вазирон баррасии роҳҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва кӯмак ба марзбонони тоҷик, ҳамкориҳои дигари ҳарбию техникӣ дар миёни кишварҳои узви ин созмон дар назар аст. Инчунин дар нишасти вазирон баррасӣ ва қабули стратегияи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир барои солҳои 2015-2020 пешбинӣ шудааст. Ба иттилои мақомоти тоҷик, яке аз масъалаҳои дигари ин нишаст, омода кардани кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар ҳудуди кишварҳои узви СПАД хоҳад шуд.

Омодагии Русия ва СПАД барои кӯмак ба Афғонистон

Ниҳоят ин нишаст бо эълони ба Тоҷикистон гузаштани масъулияти раҳбарии давраии СПАД дар соли 2015 хотима меёбад. Дар ин замина, қарор аст шоми 22 декабр, баъди натиҷагирии нишасти вазирони хориҷаву дифоъ дар нишасти матбуотии муштараки дабири кулли СПАД Николай Бордюжа ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳороти расмӣ пахш шавад.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ — як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомил мебошанд. Паймони амнияти дастаҷамъӣ баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи майи соли 1992 бо узвияти ҳамин ҷумҳуриҳо ва инчунин се ҷумҳурии дигар — Узбакистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ташкил шудааст. Вале бо анҷоми мӯҳлати амали ин паймон ва таҳрири номи он ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Тошканду Бокуву Тифлис нахостанд ҳузури худро дар ҳайати ин созмон тамдид кунанд.

Мақсади ин созмон, тавре дар оинномааш ҳам таъкид шудааст, ҳифзи манфиатҳои иқтисодиву ҳудудии кишварҳои узви минтақа бо ҷалби нирӯҳои мусаллаҳи ин кишварҳо мебошад.

Лентаи хабарҳо
0