Нигаронии ВКХ-и Амрико аз басташавии дафтари радиои Озодӣ дар Боку

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкД.Керри встретился с П.Порошенко
Д.Керри встретился с П.Порошенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Департаменти давлатии ИМА аз шеваи бархӯрди мақомоти Озарбойҷон бо кормандони бахши радиои Озодӣ дар он кишвар нигаронӣ карда, аз Боку даъват кардааст, ки пойбандиашро бо тааҳҳудоти байналмилалӣ, аз ҷумла риояи ҳуқуқи башар ва озодиҳо дар чорчӯби меъёрҳои САҲА нишон диҳад.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik.  Амрико аз шеваи бархӯрди мақомоти Озарбойҷон бо кормандони бахши озарии радиои Озодӣ дар Боку ва ҳамчунин бастани дафтари ин радио нигаронии амиқ карда ва онро нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар хондааст, хабар медиҳад Озодӣ.

Дар ин бора Ҷефф Ратке (Jeff Rathke), сухангӯи вазорати умури хориҷаи ИМА аснои нишасти матбуотӣ иброз доштааст.

"Ин иқдомот ва ҳамчунин маҳрум кардани рӯзноманигорон аз дастрасӣ ба вакил дар ҳини пурсуҷӯ, боиси нигаронии бештар шудааст. Вашингтон аз Боку мехоҳад, ки пойбандиашро бо тааҳҳудоти байналмилалӣ, аз ҷумла риояи ҳуқуқи башар ва озодиҳо дар чорчӯби меъёрҳои САҲА нишон диҳад",-илова кард Ратке.

Ба гуфтаи Ҷефф Ратке, юриш ва бастани дафтари бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ дар Боку танҳо панҷ рӯз пас аз гуфтугӯи телефонии вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ ва Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯй медиҳад, ки оқои Керрӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ нисбат ба нақзи ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон нигаронӣ карда буд.

Бар пояи гузоришҳо, дувоздаҳ тан аз кормандони бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ дар Боку барои бозҷӯӣ дар таърихи 27 ва 28 декабр иҳзор ва боздошт шуданд ва танҳо пас аз имзои як тааҳҳуди расмӣ, ки аз ифшои ҷузъиёти бозҷӯӣ худдорӣ мекунанд, озод шуданд. Дастикам ҳашт тан аз кормандони феълӣ ва собиқи ин дафтар, рӯзи душанбеи 29 декабр низ ба додситонӣ даъват шуданд.

Рӯзи ҷумъа, 26 декабр муфаттишон ва полиси Озарбойҷон кофтукоби чандсоатаро дар дафтари Радиои Озодӣ дар Боку анҷом доданд. Дар паи рейде бо иштироки даҳҳо ходими додситонии кулии Озарбойҷон ва ходимони полис ҳамаи санадҳову маводи чопии маҳфуз дар дафтари радиои Озодӣ мусодира шуд.

Лентаи хабарҳо
0