00:21 18 августи 2017
Пахши мустақим
Петр Порошенко. Акс аз бойгонӣ

Коршиносон: ИМА бояд ба Украина бештар силоҳ ворид кунанд

© Sputnik / Михаил Маркив
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Се маркази сиёсатшиносии ИМА ба Кохи сафед машварат додаанд, ки ба Киев миқдори бештари силоҳ ворид кунад. Матни ин гузориш ахиран дар дар шабакаҳои интернетӣ пайдо шуд.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Коршиносоне, ки дар гузашта дар тими раисони ҷумҳури Амрико ифои вазифа мекарданд, машварат медиҳанд, ки бояд ба мақомоти Киев иръаи кӯмакҳои низомӣ оғоз карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ғарб бояд раванди ҷилавгирӣ дар Украинаро аз роҳи боло бурдани хафви хатарот ва арзиш барои Русия дар сурати азсаргирии амалиёти ҳуҷуми бузург рӯйи даст бигирад", — омадааст дар гузориши се маркази пажӯҳишии сиёсии амрикоӣ — шӯрои Атлантикӣ, Донишкадаи ба номи Брукингс ва шӯрои Чикаго дар умури сиёсати байналмиллалӣ.

Муаллифон мӯътақиданд, ки "ин амр ироаи кӯмаки мустақими низомӣ ба Украинаро дар назар дорад". Ба эътиқоди онҳо, ин кӯмак "бояд дар миқдори бештар аз кӯмаки феълӣ буда, таслиҳоти марговару ҳимоятиро дар бар бигирад". Таҳиягарони гузориш бар инанд, ки ба ин тартиб "Украина метавонад худро беҳтар ҳимоят кунад".

"Ҳукумати Амрико бояд сареъан дар соли 2015 ба Украина 1 миллиард доллар кӯмак карда, дар солҳои 2016 ва 2017 боз 1 миллиардӣ кӯмак кунад", — омадааст дар санад.

Дар миёни муаллифони гузориши "Нигаҳдории истиқлолияти Украина, ҷилавгирӣ аз ҳуҷуми Русия, ИМА ва НАТО чӣ бояд кунанд?" — намояндаи собиқи ИМА дар НАТО Иво Даалдер, собиқ муовини вазири дифоъ Мишел Флорной, муовини собиқи вазири хориҷа Строуб Тэлботт, сафирони собиқ дар Украина Стивен Пайфер ва Ян Хербст ва муовини собиқи раҳбари Фармондеҳии муштараки НАТО дар Аврупо Джеймс Ставридис ҳастанд.

Рӯзномаи New York Times рӯзи душанбе навиштааст, ки ИМА мавзӯъи имкони содироти аслиҳа ба Украинаро баррасӣ мекунад. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, фармондеҳи НАТО дар Аврупо Филип Бридлав ва бархе аз ашхоси расмӣ дар Кохи сафед ва Пентагон аз "содироти аслиҳа барои дифоъ" ба Киев пуштибонӣ мекунанд.

Мавзуъ

Сорос: Украина ба кӯмаки Ғарб дар ҳаҷми $ 15 миллиард ниёз дорад
Сардори Сарситоди Украина аз НАТО ёрӣ мехоҳад
Барчаспҳо:
кӯмакҳои низомӣ ба Украина, Кохи сафед, Филип Бридлав, НАТО, Амрико, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ