Дастури нахуствазири Қирғизистон: ба матолиби интиқодӣ вокуниш шавад

© Sputnik / Дмитрий АстаховДжоомарт Оторбаев. Архивное фото
Джоомарт Оторбаев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷоомарт Оторбоев бар ин назар аст, ки чопи матолиб дар бораи мавориди камбудиҳо дар ниҳодҳои давлатӣ ба рафъи онҳо мусоъидат мекунанд. Ба эътиқоди вай, вуҷуди матбуоти озод яке аз нишонаҳои аслии кишвари демократӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар Қирғизистон мақомотро барои вокуниш ба матолиби интиқодӣ дар расонаҳо муваззаф карданд. Чунин супоришро раҳбари ҳукумат Ҷоомарт Оторбоев ахиран дар дидор бо раиси дастгоҳи нахуствазир Нурханбек Момуналиев матраҳ кардааст, менависад "Озодагон".

"Дар кишвар нақши расонаҳо ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки пайваста камбудиҳои ниҳодҳои давлатиро ошкор ва дар ин бора матолиб мунташир мекунанд, боло меравад ва онҳо барои ҷомеъа суолоти муҳимро матраҳ мекунанд", — гуфт Оторбоев.

Қаблан, нахуствазир хабарнигорони расонаҳои саршиносро ба ҳузур пазируфт ва аз онҳо хост, ки барои ошкор кардани мақомоти ноӯҳдабаро кӯмак кунанд.

Нахуствазир бар ин назар аст, ки ифшои камбудиҳо дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ барои рафъи онҳо мусоидат мекунанд.

"Яке аз нишонаҳои аслии кишвари демократӣ вуҷуди матбуоти озод аст. Ин нерӯи бузург аст ва мо бояд аз он ба сурати комил истифода кунем. Ҳукумат дар назди ҷомеъа гузоришгар аст ва меъёри аслии фаъолияти он боло рафтани эътимоди аҳолӣ мебошад", — таъкид кард Ҷоомарт Оторбоев.

Нахуствазир ҳамчунин дар гузашта дастур дода буд, ки ниҳодҳои давлатӣ ва маҳаллӣ ба номаҳои шикоятӣ ва пешниҳодоти мардум, ки дар расонаҳо мунташир мешаванд, сареъан вокуниш нишон диҳанд.

Ба гуфтаи вай, 70% номаҳо ва шикоёти мардум ба фаъолияти ниҳодҳои давлатии маҳаллӣ марбут аст.

"Бояд аз таҷрубаи ироъаи посухҳои рӯякӣ ва бемасъулият даст кашид. Зарур аст, ки ба ахбори расонаҳо вокуниши дуруст нишон дод, то аз ин роҳ эътимоди мардум ба ниҳодҳои давлатӣ афзоиш ёбад", — гуфт Оторбоев.

Дар поёни дидор вай ба раиси дастгоҳи нахуствазир супориш дод, ки кайфияти вокунишҳои ниҳодҳои давлатӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон дар расонаҳоро таҳти назорат қарор бидиҳад.

Лентаи хабарҳо
0