10:37 19 январи 2018
Пахши мустақим
Марк Липперт. Акс аз бойгонӣ

Вашингтон ҳамла ба сафири амрикоӣ дар Сеулро маҳкум кард

© Flickr/ http://8b.kz/4R6Y
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Марди бо алмос муҷҷаҳаз субҳи рӯзи панҷшанбе ба сафири ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ Марк Липперт (Mark Lippert) ҳангоме ҳамла кард, ки дипломат ба мулоқоти субҳона ба маркази Сеул равон буд.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазорати хориҷаи ИМА мавриди ҳамла ба сафири амрикоӣ дар Сеулро таъйид ва амали ҳамлагарро маҳкум кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Марди муҷҷаҳаз бо алмос субҳи рӯзи панҷшанбе ба сафири ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ Марк Липперт (Mark Lippert) ҳангоме ҳамла кард, ки дипломат ба мулоқоти субҳона ба маркази Сеул равон буд.

Ҳамлагар зуд аз сӯйи маъмурони пулис боздошт шуд ва феълан талош мекунанд, ки асомии вай дақиқ шавад.

"Мо қотеъона ин амали хушунатоварро маҳкум мекунем", — омадааст дар баёнияи вазоратхона ва изофа шудааст, ки сафорати ИМА дар Сеул иқдомоти худро бо мақомоти маҳаллӣ ҳамоҳанг мекунад.

Тибқи иттилоъи вазорати хориҷаи ИМА, захмҳои бардошта ба зиндагии Липперт хатароте ба дунбол надоранд.

Мавзуъ

ИМА барои иттилоъ дар бораи ду исломгаро $5 миллион пардохт мекунанд
Идораи ҷосусии ИМА хатари сойберии Русияро “хеле ҷиддӣ” унвон кард
Вазорати адлияи ИМА: ӯзбакистонӣ нияти куштани Барак Обамаро дошт
Барчаспҳо:
ҳамла ба сафир, сафири ИМА дар Сеул, Марк Липперт, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ