00:57 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Душанбе. Архивное фото

Вокунишҳо аз Душанбе: қатли Қувватов тарҳрезишуда буд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Куштори Умаралӣ Қувватов дар Туркия (5)
7 0 0

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи куштори Умаралӣ Қувватов дар Истамбул то кунун изҳори назар накардаанд, аммо ба қавли раҳбарони баъзе аҳзоб, куштори ӯ тасодуфӣ набудааст.

ДУШАНБЕ, 6 март — Sputnik. То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи куштори Умаралӣ Қувватов — раҳбари "Гурӯҳи 24" дар Истамбул изҳороти расмӣ надода, нагуфтаанд, оё ин қазияро таҳқиқ хоҳанд кард, ё не, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Як масъули вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба шарти он ки номаш бурда нашавад, гуфт, то замони рӯшан шудани сабабҳои куштори Қувватов дар ин бора чизе гуфта наметавонанд.

"Мо фақат аз тариқи расонаҳо огоҳ шудем, ки ӯ кушта шудааст, вале ба таври расмӣ хабар нагирифтем", — гуфтааст он масъули вазорат ба радио.

Аммо баъзе раҳбарони аҳзоби сиёсӣ кушта шудани Умаралӣ Қувватовро "тарҳрезишуда" ва "кори дасти нерӯҳое" донистанд, ки ҳадафшон ноором кардани авзои Тоҷикистон аст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтааст, "Борис Немтсов ҳарчанд барои ҳамаи ҷомеаи Русия мақбул набуд, вале куштораш як майдони дигари эътирозҳоро аб вуҷуд овард. Мисли ҳамин, куштори Умаралӣ Қувватов ҳам ҳадафмандона аст. Ӯ ягон сарвазир ва ё мақомдор набуд, вале ҳамчун мухолиф баромад мекард ва ба ин шакл кушта шуданаш шояд норозигиҳоро ба вуҷуд орад."

Ҷаноби Шабдолов дар идома аз вуҷуди нерӯҳое дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ҳадафашон ноором сохтани ҷомеа аст.

"Ин нерӯҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳам ҳастанд ва мо борҳо дар ин бора гуфтем. Магар ҳамаи онҳо ором менишинанд? Мо дар интихоботи гузашта соҳиби ҷой нашудем. Лекин мо тарафдори он нестем, ки мардумро даъват кунем ва майдонҳоро пур кунем. Сулҳу субот барои мо аз ду ҷой дар парлумон муҳимтар аст", — афзудааст Шабдолов.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, "куштори Умаралӣ Қувватов ҳодисаи тасодуфӣ набуд".

"Азбаски Умаралӣ Қувватов як сиёсатмадор буд, марги ӯ моро низ дар ташвиш андохтааст. Вале куштори ӯ тасодуфӣ набуд. Онро аз қабл тарҳрезӣ кардаанд ва ҳарфу ҳиҷои он бештар аз он аст, ки тасаввур мешавад", — гуфтааст Зойиров.

Қувватов шаби 5-ум ба 6-уми дар Истамбули Туркия бо истифода аз силоҳ кушта шуд. Вай худро аз мухолифони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон мехонд. Созмони марбут ба вай — "Гуруҳи 24" сар аз 9 октябри соли 2014 мамнуъ ва террористӣ унвон шуд.

Мавзуҳо:
Куштори Умаралӣ Қувватов дар Туркия (5)
Барчаспҳо:
ангеза, ғайритасодуфӣ, тарҳрезишуда, вокуниш, қатл, "Гуруҳи 24", Умаралӣ Қувватов, Шодӣ Шабдолов, Раҳматилло Зойиров, Туркия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ