00:57 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ

Даъвати Аслов барои ширкат дар ҷаласаи Ҷунбиши адами тааҳҳуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон аз ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов даъват кардааст, то дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ҷунбиши адами тааҳҳуд иштирок кунад.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Мақомоти Эрон аз Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон даъват кардаанд, дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии кишварҳои иштирокдори Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар шаҳри Теҳрон иштирок кунад, менависад сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино ба қавли манбаъ, рӯзи шашуми апрел сафири Эрон дар ҶТ Ҳуҷҷатулло Фағонӣ бо муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ вохӯрда, даъватномаи Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи кишварашро ба Сироҷидин Аслов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштироки ӯ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Ҷунбиши адами тааҳҳуд, ки дар таърихи 9-10 июни соли 2015 дар Теҳрон баргузор мешавад, супорид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро муҳокима карданд.

Ҷунбиши адами тааҳҳуд- ташкилоти байналмиллалӣ буда, 120 кишвареро, ки ба блокҳои ҳарбӣ (қабл аз ҳама НАТО ва шартномаи Варшава) шомил нестанд, муттаҳид менамояд.

Аз Осиёи Марказӣ ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Ӯзбакистон узви комилҳуқуқи ин созмон буда, Тоҷикистон ҳамчун нозир дар ҷаласаҳои он ширкат меварзад.

Барчаспҳо:
нозир, ширкати вазири тоҷик, ҷаласаи созмон, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Ҷунбиши адамаи тааҳҳуд, сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Ҷаводи Зариф, Низомиддин Зоҳидӣ, Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Сироҷиддин Аслов, Туркманистон, Эрон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ