06:33 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Кохир Расулзода. Архивное фото

Нахустин дидори рӯбарӯи Расулзода бо Сариев

© Sputnik / Дмитрий Астахов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар нахустин дидори рӯбарӯяшон дар Қазоқистон масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла масъалаҳои марзиро баҳс кардаанд.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамтои қирғизаш Темир Сариев 29 май бори нахуст дидори рӯ ба рӯ анҷом доданд, менависад сомонаи 24.kg.

Ин дидор дар ҳошияи нишасти раисони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) ва Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Бурубой, 250-километрии шимоли Остона, пойтахти Қазоқистрон барпо шудааст.

Ин нахустин дидори расмии Расулзода бо Сариев аст, ки тоза як моҳ пеш ба мақоми раҳбари ҳукумати Қирғизистон расид.

Темир Сариев ҳамтои тоҷикашро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Қирғизистон даъват кардааст.

Сариев бо васфи зарфиятҳои ҳамкориҳои Қирғизистону Тоҷикистон гуфтааст, "равобити мо ба таври динамик ва ба сӯди тарафайн рушд меёбанд." Ӯ ҳамчунин дар ин мулоқот ба мушкилтарин масъала дар равобити Бишкеку Душанбе — таъин ва аломатгузории марзҳои ду кишвар дахл кардааст.

"Қирғизистон азми қотеъ дорад, то масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ҳал шавад", — гуфтааст Сариев.

Ӯ ҳамчунин ба зарурати густариш ва таҳкими ҳамкориҳои сӯдманди дуҷониба байни ин ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳоти тиҷориву иқтисодӣ ва обу энержӣ, таъкид кардаааст.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба навбаи худ низ ба зарурати таҳкими равобити дуҷониба  ва тақвияти кори Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ва Кумиссиюни масъули таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар таъкид кардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки бо гузашти қариб 24 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то имрӯз танҳо 519 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудаанд. Баҳсҳои марзӣ бахусус дар якуним соли охир боиси чандин моҷаро, аз ҷумла даргириҳои мусаллаҳона ва занозаниҳо байни сокинони ду тарафи марз, бахусус дар марзи ноҳияҳои Лайлаку Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон, шудааст. Қирғизистон дар ибтидои соли 2014 дар пайи чунин як низои марзӣ марзҳояш бо Тоҷикистонро барои қариб 3 моҳ баст ва сафирашро аз Душанбе фаро хонд.

Танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода,  ҷониби Қирғизистон баъди як даргирии моҳи январ дар Исфара ҳатто марзҳояш бо Тоҷикистонро барои қариб 3 моҳ баст. Дар ҷараёни ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шудаанд.

Дар поёни нишасти Бурубой қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии сарвазирони СНГ рӯзи 30 октябр дар Душанбе доир шавад. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо эълони ин тасмим ба хабарнигорон гуфт, "ман бо камоли майл ҳамаи шумо, ҳамкасбони азизро ба пойтахти Тоҷикистон даъват мекунам."

Барчаспҳо:
гуфтугӯ, марз, мулоқоти расмӣ, Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СНГ, ҳукумат, Темир Сариев, Қоҳир Расулзода, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ