АПША аз Русия даъват дорад, ки музокирот аз сар гирифта шавад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкҶаласаи АПША. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи АПША. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Анҷумани порлумонии Шӯрои Аврупо (АПША) аз ҳайъати Русия даъват дорад, ки музокирот аз сар гирифта шавад, вале ҳамзамон пайвастшавии Қримро “забти ғайриқонунӣ” медонаду иддаъо дорад, ки Русия ба “қазияи низомӣ дар Украина мудохила мекунад”.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тарҳи гузориши раҳбари комиссияи бозрасии Анҷумани порлумонии Шӯрои Аврупо Стефан Шеннах имрӯз дар ҷаласаи навбатии ин созмон муъаррифӣ мешавад ва музокирот дар атрофи салоҳияти ҳайати Русия дар АПША сурат хоҳад гирифт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳайати Русия аз ҳаққи ширкат дар ҷаласоти ниҳодҳои сохтории ин созмон ва имкони ширкат дар фаъолияти бозрасии АПША аз моҳи январ то моҳи апрели соли 2015 маҳрум шуда буд. Далели ин амр вазъи Украина унвон шуда буд. Дар посух ба чунин иқдом ҳайъати Русия анҷуманро то авохири соли 2015 тарк карда буд.

"АПША аз адами пешравӣ дар иҷрои муқаррароти пешниҳодшудаи 2034 (2015) нигарон аст. Созмон ҳамчунин аз тасмими ҳайати Русия мабнӣ ба қатъи иртибототи расмӣ то авохири соли 2015, аз ҷумла қатъи сафарҳо аз номи созмон сахт нигарон мебошад", — зикр шудааст дар гузориш.

“Муколамаи мустақим” бо Путин: қурби рубл, буҳрони Украина, оташсӯзӣ

Созмон зикр мекунад, ки Русия ба қазияи низомӣ дар Украина мудохила мекунаду пайвастшавии Қрим ба ФР забти ғайриқонунӣ мебошад ва дар ин минтақа вазъи ҳуқуқи инсон бадтар мешавад.

"АПША аз фишор ва масдудшавии бештаре аз созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо дар Қрим, аз ҷумла шабакаи тоторҳои Қрим ATR, ки аз забти ғайриқонунии Қрим аз сӯйи Русия интиқод мекунанд нигарон мебошад", — зикр шудааст дар тарҳи санад, ки имрӯз муаррифӣ мешавад.
Анҷуман аз ҳайати Русия даъват мекунад, ки бидуни таъхир музокиротро аз сар бигирад ва талаботи қаблан ироъашударо иҷро кунад.
Шенах ҳамчунин аз ҳайъати Русия даъват кардааст, ки на танҳо фаъолияти худро дар комиссияи бозрасӣ аз сар бигирад, балки бо гузоришгарон иҷоза бидиҳанд, ки аз Русия дар чаҳорчӯби фаъолияташон боздид кунанд.

Қрим ва Севастопол баъд аз баргузории ҳамапурсии моҳи марти соли 2014, ки дар он бештаре аз пурсидашудагон (96,77%) ҷонибдории худро барои пайвастан ба Русия изҳор доштанд, манотиқи Русия дониста шудаанд.

Анҷумани порлумонии Шӯрои Аврупо куҳантарин ниҳоди байналмиллалии порлумонии Аврупо аст, ки аз соли 1949 бад ин сӯ фаъолият дорад. Ин яке аз ду ниҳоди сохтории Шӯрои Аврупо мебошад, ки баёнгари манофеъи куллияи аҳзоби умдаи сиёсӣ аст, ки дар кишварҳои узви созмон фаъолият мекунанд. Анҷуман масоили марбут ба ҷомеъаи муъосир ва вижагиҳои сиёсати ҷаҳониро баррасӣ мекунад. Ҳайъати 47 кишвар бо ҳаққи овоз аъзои ин созмон мебошанд. Исроил, Канада ва Мексика аз ҳаққи кишварҳои нозир бархурдоранд.

Лентаи хабарҳо
0