Расонаҳо: вакилони Бундестаги Олмон аз Қрим дидан мекунанд

© Sputnik / Артем Креминский / Гузариш ба медиабонкИстироҳат дар Қрим
Истироҳат дар Қрим - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи муовини раиси комитети Шӯрои Федератсия дар умури байналмиллалӣ Андрей Климов эҳтимоли сафари вакилони аврупоӣ ба нимҷазираи Қрим дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Анҷумани порлумонии САҲА дар Муғулистон рӯзҳои 15-19 сентябр баррасӣ хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вакилони парлумон ё Бундестаги Олмон дар пасманзари сафари ҳамтоёни фаронсавии худ ба Қрим ҳамчунин эҳтимоли боздид аз ин нимҷазираро матраҳ мекунанд, изҳор дошт дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" вакил аз ҳизби "Чап"-и Олмон Александр Ной, хабар медиҳад РИА Новости.

Вакилони фаронсавӣ мехоҳанд ба ватан “намои дигари Қрим”-ро биоваранд

"Ман бар ин назарам, ки сафари вакилони порлумонии Фаронса ба Қрим иқдоми дурусте буд. Ба унвони вакили аз сӯйи мардум интихобшудаонҳо муваззафанд ба мақомоти расмии Фаронса, ба сиёсатмадорон ва ҳамчунин ба сокинон қисса бикунанд, ки дар ин нимҷазира воқеъан чӣ рух медиҳад. Ин тасмими дуруст ва намунавӣ мебошад. Ҳизби чапгарои Олмон дар Бундестаг дар умури сиёсӣ дар муқоъиса бо аҳзоби дигар назароти мутафовит дорад ва ба ин далел сафар ба Қрим барои мо муносиб мебошад", — гуфт вай ба нашрия. 

Муъовини раиси комитети Шӯрои Федератсия дар умури байналмиллалӣ Андрей Климов ба нашрияи "Извести" хабар дод, ки эҳтимоли сафари вакилони аврупоӣ ба нимҷазираи Қрим дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Анҷумани порлумонии САҲА дар Муғулистон 15-19 сентябр баррасӣ хоҳад шуд.

Расонаҳо: вакилони порлумони Италия озими Қрим шудаанд

Қаблан гузориш шуда буд, ки ба дунболи ҳамтоиёни фаронсавӣ гурӯҳе аз вакилони порлумони Италия аз ҳизби "Панҷ ахтар", вакил аз ҳизби италиявии "Анҷумани Шимол" ва бархе аз сиёсатмадорони дигари аврупоӣ эълом карданд, ки қасди сафар ба Қримро доранд. 

Қрим баъд аз баргузории ҳамапурсии моҳи марти соли 2014, ки дар он бештаре аз сокинони ин нимҷазира, ки он замон аз вилояти мухтори Украина дониста мешуду қонунӣ будани табадуллоти давлатии моҳи феврал дар Украинаро напазируфтанд, барои дубора пайвастан ба қаламрави Русия раъй доданд. Москав иддаъо дорад, ки баргузории ҳамапурсӣ дар Қрим мутобиқ ба меъёрҳо ва қавонини байналмиллалӣ ва Оинномаи СММ буд.

Лентаи хабарҳо
0