Ибтикори “Созандагони Ватан” барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ

© Flickr \ Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАнҷумани навбатии ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ
Анҷумани навбатии ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Созандагони Ватан” – қаноти ҷавонони ҲХДТ мехоҳад бо баргузории мизҳои мудаввар дар минтақаҳои кишвар аз ифротгаро шудани ҷавонон ҷилавгирӣ кунад.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. "Созандагони Ватан" дар робита ба ифротгароии ҷавонон мехоҳад 12 август дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар барпо кунад, навиштааст АМИТ Ховар.

На съезде НДПТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Созандагони Ватан” раҳбари нав пайдо кард

Ташкилоти ҷамъиятии "Созандагони Ватан" —и назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин мизи мудавварро "Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он" унвон карда, гуфтааст, 12 август Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил мешавад ва ин мавзуъ низ бахшида ба он рӯз хоҳад буд.

"Созандагони Ватан" аз хоҳишмандоне, ки ба омӯзиши масъалаҳои ҷавонон машғуланд ва қасди ширкат дар чорабинии мазкурро доранд, даъват кардааст, маърӯзаҳои худро ба комиссияи ташкилӣ пешниҳод намоянд.

Ин мизҳои мудаввар дар манотиқи кишвар, аз ҷумла дар Суғду Хатлон низ дар назар дошта шудааст, гуфтааст, сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ.

Ховар навиштааст, маърӯзаҳои беҳтарин дар барномаи мизи мудаввар ҷой дода шуда, дар шакли маҷмуа ба нашр хоҳанд расид.

Зимнан, дар баҳори имсол номи "Созандагони Ватан" бо истеъфои раҳбари собиқи он Исфандиёр Абдураҳмонов вирди забонҳо шуд. Абдураҳмонов "Созандагони Ватан" ва бархе аз аъзои ҲХДТ-ро бо он мутаҳҳам кард, ки ба ВАО ҳисоботи ғалат пешниҳод мекунанд. Вай гуфт, дар натиҷаи маҳалгароӣ ва рақобати носолими ҲХДТ тарки мақоми худ кардааст.   

Лентаи хабарҳо
0