05:45 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аснои мулоқот дар ҷаласаи СҲШ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Раҳмону Путин дар бораи чӣ суҳбат хоҳанд кард?

© Sputnik / Михаил Климентьев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
2 0 0

Интизор меравад, раҳбарони Тоҷикистону Русия дар мулоқоти худ мушкилоти марбут ба нооромиҳои ахири кишвар ва роҳҳои кумаки ҷониби Маскав ба Душанберо баррасӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои руси худ, Владимир Путин мулоқот мекунад.

Дар ҷараёни музокироти раҳбарони Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷандҷонибаи ду кишвар дар соҳаи амнияту дифоъ ва кишоварзӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Интизор меравад, сарони Тоҷикистону Русия дар мулоқоти худ мушкилоти марбут ба нооромиҳои ахири кишвар ва гузинаҳои кумаки ҷониби Маскавро дар Душанбе баррасӣ кунанд.

Қаблан раҳбарони ин ду кишвар 9 май дар шаҳри Маскав ва 8 июл дар шаҳри Уфаи Русия мулоқот карда буданд ва инчунин рӯзи 5 сентябри соли равон ҳам миёни онҳо гуфтугӯи телефонӣ дар робита ба нооромиҳои ахири Душанбе сурат гирифта буд.

"Табиист, ки мо омодаем, ба Тоҷикистон як навъе кӯмак ва дастгирии сиёсӣ намоем. Ман фикр мекунам, ин масъала яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти раҳбарони ду кишвар мебошад ва президент Раҳмон ҳам дар ин вохурӣ ҳатман дар бораи ҷузъиёти ҳаводиси ахир ва иқдомҳои мақомоти тоҷик барои нигаҳдоштани оромии кишвар сухан хоҳад гуфт",- иброз дошт ёвари раисҷумҳури Русия, Юрий Ушаков.

Вазъ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ором мебошад, гуфтааст Юрий Ушаков дар суҳбат бо хабарнигорон.

Дар бораи ҳаводиси ахири кишвар- ҳамлаҳо ба ШКД-и Ваҳдат ва Дастаи таъиноти махсуси милиса дар Душанбе, инчунин амалиёти мақомоти қудратӣ аз ин ҷо маълумот дарёфт карда метавонд>>

Президенти Русия  Владимир Путин рӯзҳои 14 ва 15 сентябри соли равон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар Душанбе иштирок хоҳад кард.

Русия яке аз шарикони муҳими тиҷорӣ ва иқтисодии  Тоҷикистон ба шумор меравад. Миёни сармоягузорон дар иқтисоди Тоҷикистон мақоми аввалро касб кардааст, ки ҳаҷми сармояи он 1,6 миллиардро ташкил медиҳад(наздик ба 30%-и ҳамаи сармояҳои хориҷӣ).

Дар қаламрави Тоҷикистон наздик ба 130 ширкату корхона бо сармояи Русия фаъолият дошта, тибқи омори соли 2014 табодули коло миёни ду кишвар 21,8% боло рафтааст. Дар ҳоле ки ин нишондод дар соли 2013 928,3 миллионро ташкил медод.

Мавзуҳо:
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
Барчаспҳо:
ҳамкории стратегӣ, дар сӯҳбат дар бораи чӣ хоҳанд гуфт, мулоқоти Раҳмону Путин дар назар аст, Ҷаласаи сарони СПАД дар Душанбе, СПАД, Юрий Ушаков, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Маскав, Русия, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ