22:02 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳури Қазоқистон вориди Душанбе шуд

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
2 0 0

Президенти Қазоқистон дар ҷараёни ин боздидаш аз Душанбе зери як қатор санадҳои ҳамкорӣ имзо хоҳад гузошт.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон рафт, навиштааст дафтари матбуотии сарвари он кишвар.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар пайи гуфтугӯ ва музокироти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон 6 санади ҳамкории ҷадидимзо хоҳад шуд.

"Сарвари давлати Қазоқистон вориди шаҳри Душанбе гардид. Дар ҷараёни ин боздиди ӯ за пойтахти Тоҷикистон, мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, имзои чанд санади нави ҳамкорӣ ва иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар назар аст",- афзудааст дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қазоқистон.

Тибқи иттилои расмӣ табодули коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон давоми соли 2014 ба беш аз 859 миллион доллар расидааст. Тоҷикистон аз Қазоқистон бештар гандуму орд, маҳсулоти нафтӣ ворид намуда, дар навбати худ ба Қазоқистон пахта, алюмин ва меваю сабзиҷот содир мекунад.

Мавзуҳо:
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
Барчаспҳо:
Назарбоев дар Душанбе, шаш санади ҳамкории ҷадид ба имзо мерасад, табодули амволи Тоҷикистону Қазоқистон 859 миллион доллар, ҷаласаи Шӯрои СПАД, президенти Қазоқистон, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Нурсултон Назарбоев, Душанбе, Алмаато, Остона, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ