Эмомалӣ Раҳмон озими Сочии Русия шуд

© SputnikТерминали нави ФБД. Акс аз бойгонӣ
Терминали нави ФБД. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президентро дар ин сафар ёрдамчиаш оид ба масоили равобити хориҷӣ ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари корӣ озими шаҳри Сочии Русия шуд, иттилоъ медиҳад торнамои расмии президент.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт сарвари кишварро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва ашхоси дигари баландпояи ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар бораи мӯҳтавои сафар иттилоъи дигар рӯи даст нест.

Лентаи хабарҳо
0