Раҳмон: Тоҷикистону Алҷазоир муштаракоти диниву фарҳангӣ доранд

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонк9 июли соли 2015. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои иштирок дар мулоқоти роҳбарони кишварҳои БРИКС
9 июли соли 2015. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои иштирок дар мулоқоти роҳбарони кишварҳои БРИКС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимнан, изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ ба роҳ монда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фаронса бо нахуствазир Алҷазоир Абдулмалик Саллол мулоқот кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Ин вохӯрӣ рӯзи гузашта дар ҳошияи Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим доир гардида, зимни он дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Президенти Тоҷикистон дар оғози суҳбат гуфтааст, ки  мардумони шарифи кишварҳои қадимаи моро робитаҳои хеле амиқи таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак мепайванданд.

"Мо низ ҳавасманди ҳамкориҳои хуб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва кушиш ба харҷ медиҳем, ки дар самти иқтисоду фарҳанг ва энергетика ҳамкорӣ дошта бошем" —изҳор дошт дар ҷараёни суҳбат Абдулмалик Саллол.

Ба иттилоъи манбаъ, роҳбарони ду кишвар ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз меваву сабзавот, истихроҷи газу нафт ва бунёди корхонаҳои коркарди нафт дахл карда, ин мавзӯъҳоро баррасӣ намуданд.

Зимнан, изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ ба роҳ монда мешаванд.

Ҷонибҳо аз вазъи  имрӯзаи минтақаи Шарқи Наздик изҳори нигаронӣ намуда, хоҳони ҳалли мусолиматомези бӯҳронҳои бамиёномада дар кишварҳои минтақа шуданд ва умедворӣ карданд, ки кишварҳои мусулмонӣ дар мубориза бар зидди экстремизму терроризм ҳамкории худро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ тақвият мебахшанд.

Лентаи хабарҳо
0