Вакили парлумони Тоҷикистон ордени “Содружество” гирифт

Обуна шудан
Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон (Маҷлиси намояндагон) Хайриниссо Юсуфӣ бо ордени Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил “Содружество” қадрдонӣ карда гардид.

ДУШАНБЕ,  10 мар — Sputnik. Муовини раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ бо ордени  Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил "Содружество" сарфароз шуд.

Ифтихорномаҳои фахриро Шукурҷон Зуҳуров,  раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тақдим кард.

Инчунин, ба раиси Кумитаи парлумонӣ оид  Ҷӯрахон Маҷидзода  "Ифтихорномаи фахрӣ"-и Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ супорида шуд.

Дар баробари онҳо, ба вакилон Бибидавлат Афзалшоева, Дилшод Исматуллоев ва Олимҷон Сафаров "Ифтихорномаи фахрӣ"-и Ассамблеяи байнипарлумони Иттиҳоди давлатҳои мустақилро тақдим карданд.

Лентаи хабарҳо
0