Дипломати тоҷик Тошкандро тарк мекунад

© Анвар Ильясов / МИД УзбекистанаСафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбакистон Музаффар Ҳусейнов
Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбакистон Музаффар Ҳусейнов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов бо сафири Тоҷикистон дар Тошканд Музаффар Ҳусейнов, ки муҳлати дипломатиаш дар ин кишварро ба анҷом расонд, мулоқот кард.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дипломати Тоҷикистон дар Ӯзбакистон фаъолияти худро ба ҳайси сафир дар Тошканд ба анҷом мерасонад, менависад дар торномаи ВКХ-и Ӯзбакистон.

Раҳмон омодагиашро барои тақвияти ҳамкорӣ бо Ӯзбакистон иброз дошт

Вазири умури хориҷии он кишвар Абдулазиз Комилов дар ҷараёни  вохӯрӣ бо намояндаи дипломатии ҶТ рӯзи ҷумъа, саҳми босазои Ҳусейновро дар давоми фаъолияти панҷсолааш дар пешрафти минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар назаррас арзёбӣ кард.

"Ҳусейнов аз ҷониби худ барои фароҳам овардани фазои хуби корӣ дар Ӯзбакистон ба вазири ин кишвар изҳори миннатдорӣ баён намуд", гуфта мешавад дар иттилоия.

Сарфи назар аз муносибатҳои хуби дуҷониба, бахусус дар соҳаҳои туризм ва савдо, тиҷорат байни ин ду кишвар дар сатҳи наонқадар баланд аст. Дар давоми панҷ соли охир табодули амвол ба ҳисоби миёна 150 миллион долларро дар як сол ташкил дод.  Соли 2014 бошад ҳаҷми тиҷорат то 160 миллион доллар расид, ки нисбати дигар солҳо 5,5% зиёд аст.

Дар муомилоти савдо хизматрасонӣ нақши муҳим дорад. Дар ин замина коршиносон мегӯянд, ки ду кишвари ҳамсоя ҳоло имкониятҳои зиёди истифоданашуда дар соҳаҳои гуногуни савдоро доранд.

Лентаи хабарҳо
0