06:22 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Франк Валтер Штайнмайер дар Душанбе. 1 апрели 2016

Раҳмону Штайнмайер масоили амнияту суботи минтақаро баррасӣ карданд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Ҳар ду ҷониб ҳамзамон барои рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ омодагию ҳавасмандии хешро баён намуданд.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Имрӯз дар Қасри Миллат президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давраии САҲА, ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Олмон Франк Валтер Штайнмайерро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилоъи расмӣ, дар нишаст масоили вобаста ба вазъи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

"Тоҷикистон авлавиятҳои дар давраи раисии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар САҲА муайяншударо пурра дастгирӣ карда, таҷдиди муколама ва эҳёи эътимоду амният дар фазои САҲА, тақвият бахшидан ба иқтидори он, истифодаи фаъоли имконоти Созмон дар рафъи бӯҳрон ва ҳали низоъҳоро дар мадди назар қарор медиҳад",- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амнияту субот дар Осиёи Марказӣ, мушкилоти Афғонистон, вазъи сарҳадот, терроризму экстремизми динӣ ва ҷиноятҳои муташаккил табодули афкор карда, рушду тавсеаи ҳамгироиҳоро дар ин самт ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд.

Зимни баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳои гуманитарӣ таъкид гардид, ки имрӯз ҳамшарикии миёни кишварҳо дар сатҳи ҳамкориҳо баҳри таъмини рушди устувор қарор дошта, миёни ду кишвар заминаи хуби шартномавию ҳуқуқӣ вуҷуд дорад.

Дар мулоқот аз Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои кӯмак ҷиҳати дастрасӣ ба Бунёди Иқлими Сабз дар доираи Барномаи "Омодагӣ ба маблағгузории иқлим" ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёту хизматрасонии Тоҷикистон арзи сипос карда шуд.

Мавзуъ

Олмон ба собиқ маҳбусони низомии шӯравӣ 2,5 ҳазор евро медиҳад
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, рушди бахши амният, мавқеъ, субот, амният, баррасӣ, мулоқот, Вазорати корҳои хориҷии Олмон, САҲА, Қасри Миллат, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Франк-Валтер Штайнмайер, Олмон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ