Вазири ВКХ Тоҷикистон ба Бишкек рафт

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкВазири Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ
Вазири Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вохӯрӣ баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар назар дошта шуда, масъалаҳои байналмиллалӣ ва амнияти марзӣ ҳаллу фасл хоҳанд гардид.

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Сироҷиддин Аслов вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа бо сафари расмӣ ба Қирғизистон рафт, иттилоъ медиҳад  Sputnik Қирғизистон бо истинод ба дафтари матбуотии вазорати хориҷии ҶҚ.

Дар доираи вохӯрии расмӣ вазири ВУХ Тоҷикистон бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар мулоқот хоҳад кард.

Дар вохӯрӣ баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар назар дошта шуда, масъалаҳои байналмиллалӣ ва амнияти марзӣ ҳаллу фасл хоҳанд гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0