14:53 25 марти 2017
Пахши мустақим
Қуттии овоздиҳӣ. Акс аз бойгонӣ

Раъйпурсӣ дар сафоратхона баргузор мегардад. Дар Маскав

© Flickr/ Congress of local
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
42 0 0

Чуноне сухангӯи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Сарвар Бахтӣ хабар дод, шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Маскав метавонанд дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар раъйпурсӣ иштирок намоянд.

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Рӯзи 22 май дар Маскав дар сафоратхонаи Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Чуноне Сарвар Бахтӣ сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия қайд намуд, нуқтаҳои овоздиҳӣ аз соати 06-00 то 20-00 ба вақти Маскав фаъол хоҳанд буд.

Овоздиҳандагон бояд бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд.

Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав дар маҳаллаи Гранатний, 13 (м. Баррикадная) воқеъ аст.

Дар Тоҷикистон рӯзи 22 май раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Мувофиқи тағйиру иловаҳои дар пеш истода синну соли номзади мақоми  президентӣ аз 35 сол ба 30 сол оварда мешавад.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Солҳои 1999 ва 2003 ба сарқонун ҳамчунин тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо дохил карда шуданд.

Мавзуъ

Нобиноёни Тоҷикистон дар интихобот мустақилона овоз додан мехоҳанд
Нозирони интихобот аз ИДМ 12 феврал ба Душанбе меоянд
Президент: “ба интихобот ва оромии кишвар хиёнат накунед”
Барчаспҳо:
сафоратхона, раъйпурсӣ, овоздиҳӣ, интихобот, сафорати ҶТ дар Русия, Сарвар Бахтӣ, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ