07:58 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Раиси Шӯрои Федератсия ФР. Акс аз бойгонӣ

Валентина Матвиенко санаи 12-уми октябр ба Душанбе мерасад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари ҳайати парлумонии ФР ба Тоҷикистон (5)
17 0 0

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар форуми “Русия-Тоҷикистон: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ” ширкат меварзад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.Роҳбарии Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо сафари корӣ ба Душанбе меояд.

Манбаъ дар Шӯрои Федератсия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки сиёсатшиноси рус пагоҳ, санаи 12-уми октябр ба Тоҷикистон мерасад.

Роҳбари Шӯро дар форуми байналмиллалии панҷуми  "Русия-Тоҷикистон: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ" ширкат меварзад.

Интизор меравад, ки дар чорчӯбаи сафари дурӯза Валентина Матвиенка бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев вохӯрӣ баргузор мекунад.

Пештар роҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко зидди ҷорӣ намудани низоми раводид, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки пас аз ҳодисаи қабристони Хованский як қатор коршинос ва сиёсатшинос ин мавзӯъро боло намуданд,  баромад намудааст.

Мавзуҳо:
Сафари ҳайати парлумонии ФР ба Тоҷикистон (5)
Барчаспҳо:
Фафари корӣ ба Тоҷикстон, Валентина Матвиенко, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ