07:57 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Валентина Матвиенко назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Акс аз бойгонӣ

Матвиенко дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари ҳайати парлумонии ФР ба Тоҷикистон (5)
24 0 0

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ иштирок кард.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо сафари корӣ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.

Чуноне хабарнигори Sputnik иттилоъ медиҳад, сиёсатмадори рус дар назди муҷассамаи  Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштааст.

Ба хотири меҳмонони олиқадр гирду атрофи муҷассама тоза карда шуда, роҳравро қолини сурх оро медод.

То охирин дақиқаҳои ташрифи Матвиенко дар назди муҷассама корҳои ободонӣ идома дошт: низомиён гулчанбарро омода мекарданд, сохтмончиён бо саросемагӣ бинои дар назди муҷассама бударо бо болопӯши рангаш кабуд, мепӯшониданд, аксбардорон камераҳои худро месанҷиданд.

Валентина Матвиенко дар иҳотаи посбонони воломақом ба назди гулчанбар қадам гузошт.

Валентина Матвиенко дар доираи сафар, ҳамчунин дар Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия, ки таҳти унвони "Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ", баргузор меградад, иштирок менамояд.

Дар доираи форум баррасии се мизи мудаввар дар мавзӯъҳои: 1) "Рушди иқтисоди байниминтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии байни Тоҷикистону Русия", 2) "Танзими ҳуқуқи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби меҳнати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия", 3) "Мусоидат ба рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гуманитарӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ" дар назар аст.

Ба қавли Матвиенко дар солҳои охир ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия дар соҳаи сиёсӣ дар роҳи рушд ҳаст, "дар ин роҳ асоси ҳамкории самараноки ин ду кишвар кайҳо гузошта шудааст. Гуфтушунидҳо ва ҳамоишҳои байни ду кишвар имконият медиҳанд, ки дар оянда ду давлат дар ҳама соҳаҳо ҳамкорӣ намоянд".

Чуноне қаблан раиси Шӯрои Федератсияи Русия қайд карда буд, "форум яке аз қадамҳои самаранок барои мониторинг, ва таҳлили натиҷаҳои ба даст омада барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва маълум намудани дурнамои барномаи равона намудани онҳо ба минтақаҳои гуногун мебошад".

Дар умум Матвиенко қайд кард, ки ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикитон дар ҳоли рушд буда, барои тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун нақши бузург дорад. "Қариб 70-фоизи тиҷорати дуҷонибаро ҳамкориҳои байниминтақавӣ ташкил медиҳанд. Зиёда аз 80 минтақаҳои Русия бо вилоятҳо ва сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд",-гуфт ӯ.

Мавзуҳо:
Сафари ҳайати парлумонии ФР ба Тоҷикистон (5)

Мавзуъ

Валентина Матвиенко санаи 12-уми октябр ба Душанбе мерасад
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Валентина Матвиенко, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ