07:58 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Президенти ФР Путин. Акс аз бойгонӣ

Путин:барои ҳалли мушкилоти Афғонистон, бояд қатъӣ амал кард

© Sputnik / Алексей Филиппов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
25 0 0

Вазъият дар Афғонистон ташвишовар мебошад, қайд кард президенти Федератсияи Русия Владимир Путин. Русия мехоҳад шаклҳои ҳамкориеро рушд диҳад, ки имкони бо зудӣ бартараф кардани хатарҳои амниятиро доранд

ДУШАНБЕ, 13 октябр — Sputnik. Бояд барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистан ба таври қатъӣ амал намуд, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо РИА Новости ва оҷонсии иттилоотии Ҳиндустон IANS.

"Вазъият дар минтақаи байни Ҳиндустону Русия муташанниҷ боқӣ мемонад. Аз ҷумла, вазъияти Афғонистон то ҳол моро нигарон мекунад. Барои кӯмак намудан ба ин кишвар ва мубориза намудан бо таҳдидҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бояд қатъиян амал кард",- изҳор дошт Путин.

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки Русия тарафдори шаклҳои ҳамкорие мебошад, ки боиси ба зудӣ бартараф кардани хатарҳои амниятӣ мегарданд. Роҳҳои муборизаи муштаракро зидди ин гуна таҳдидҳоро бояд якҷоя пайдо кард, афзуд ӯ.

Президент изҳор дошт, ки дар ин ҷода нақши асосиро Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебозад.

Ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон тайи моҳҳои охир шиддат ёфтааст. Ҳаракати "Толибон", ки пештар қисми зиёди деҳотро зери даст дошт, акнун  ба шаҳрҳои калон рӯ овардааст. Гузашта аз ин, дар Афғонистон нуфузи гурӯҳҳои Давлати исломӣ афзоиш ёфтааст.

Барчаспҳо:
Мушкилоти Афғонистон, Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ