Сӯҳбати аввалини Путин бо Трамп: вохӯрӣ таъин карданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезиденти русия Владимир Путин, акс аз бойгонӣ
Президенти русия Владимир Путин, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти сӯҳбат Путин бо Трамп дар бораи баробар намудани муносибатҳои кишварҳо дар сатҳи ҳамкориҳои созанда ва муҳим будани рушди муносибатҳои савдо ва иқтисод изҳори андеша карданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik.Президенти Русия Владимир Путин ва роҳбари тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп сӯҳбати телефонӣ оростанд, омадааст дар сомонаи расмии президенти Русия.

Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Трамп: ҳамкорӣ бо ИМА самти муҳими сиёсати Тоҷикистон аст

Қайд карда мешавад, ки сӯҳбати телефонӣ бо розигии тарафайн ба амал омадааст.

Владимир Путин бори дигар ғолибияти Трампро дар интихобот   муборакбод намуд ва барояш дар амалӣ намудани барномаҳои президентӣ  муваффақиятҳо орзу кард. Путин тайёр будани Русияро дар фаръи сохтани муколама бо маъмурияти нав дар пояи принсипҳои баробарӣ ва эҳтироми мутақобила  иброз намуд.

Дар рафти сӯҳбат Владимир Путин ва Доналд Трамп на танҳо дар бораи муносибатҳои мушкили имрӯзаи кишварҳо сӯҳбат карданд, балки дар бораи беҳбуди муносибатҳо ибрози ақида карданд.

Роҳбарони ду кишвар қайд карданд, ки бояд дар мубориза бо терроризми байналмиллалӣ ва ифродгароӣ  якҷоя мубориза баранд.

"Давом додани сӯҳбатҳои тарафайн тариқи телефон ва  дурнамои дида баромадани вохӯрии шахсӣ, ки ба он тарафайн тайёрӣ мебинанд, мувофиқа карда шуд",- қайд мегардад дар сомона.

Ёдовар мешавем, ки санаи 8-уми ноябр Трамп дар интихоботи президентии ИМА ғолиб омад  ва ӯ ба  курсии президентӣ аз санаи 20-уми январ соҳиб мешавад.

Лентаи хабарҳо
0