19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Сафари президенти Туркия ба Ӯзбакистон

Эрдуғон сафари Мирзиёевро ба ҳайси президент ба Туркия интизор аст

© Фото: Официальный сайт президента Турции
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Презинденти Туркия изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳо муносибатҳои муштараки хешро давом медиҳанд ва дар ҳама соҳаҳо ҳамкориҳои худро таҳким мебахшанд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik.Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз ҳукумати Ӯзбакистон даъват овард, ки пас аз интихоби президентӣ ҷонибҳо ҳамкириҳои хешро таҳким бахшанд.

"Дар давраи нав мо бояд барои беҳбуд намудани муносибатҳои хеш  дар ҳамаи соҳаҳо кӯшиш кунем",- гуфт Эрдуғон дар вохӯрӣ бо президенти муваққатии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев.

Эрдуғон гуфтааст, ки президенти тозаинтихоби Ӯзбакистон бояд сараввал ба Туркия ташриф оварад, хабар медиҳад оҷонсии Анадолу.

"Умедворам, ки Шумо суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодии Ӯзбакистонро нигоҳ медоред. Ман ба Шумо дар интихоботи дарпешистода муваффақиятҳо хоҳонам",- гуфт Эрдуғон ба Мирзиёев.

Дар навбати худ сарвазир қайд кард, ки Ӯзбакистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки Туркия аввалин шуда, мустақилияти кишварро эътироф кардааст.

Имрӯз Эрдоган бо сафари расмӣ ба Самарқанд ташриф овард ва қабри Ислом Каримовро зиёрат кард. Ғайр аз ин бо сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев гуфтушунид доир намуд.

Аввалҳои моҳи декабр дар Ӯзбакистон интихоботи президентӣ доир мегардад. КМИ кишвар қарор қабул кардааст, ки ҳамаи чор ҳизбҳои амаликунандаро ба интихобот роҳ медиҳад.

Барчаспҳо:
сафари расмӣ, Раҷаб Тайиб Урдуғон, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ