19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Вазири корҳои хлориҷии Туркия, акс аз бойгонӣ

Умедвории Туркия аз лағви низоми раводид бо Ӯзбакистон

© Sputnik / Нина Зотина
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Кишвари Туркия низоми раводидии хешро бо Ӯзбакистон бардоштааст ва интизор мешвад, ки ҷониби Ӯзбакистон низ нисбати кишвар чунин амалро ба анҷом мерасонад, гуфт вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушӯғлӣ

 ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.Анқара умедвор гардидааст, ки Ӯзбакистон барои шаҳрвандони Туркия низоми раводидиро барҳам медиҳад.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ
Пресс-служба президента Украины

Туркия низоми раводидии хешро барои Ӯзбакистон лағв намудааст ва интизор мешвад, ки ҷониби Ӯзбакистон ҳам  чунин амалро нисбати мо ба анҷом мерасонад, гуфтааст вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушӯғлӣ ҳангомӣ вохӯрӣ бо рӯзноманигорон.

Вазири корҳори хориҷии Туркия Мавлуд Чавушӯғлӣ санаи 17-18 ноябр ҳамроҳи президенти Туркия  ба Ӯзбакистон сафар кардааст.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Ӯзбакистон Шавкукат Мирзиёев масъалаҳои мубрами минтақавию байналмиллалӣ ва рушди муносибатҳои дуҷонибаро  баррасӣ намуданд.

Бояд хотиррасон шуд, ки Туркия низоми раводидиро бо Ӯзбакистон  аллакай соли 2007-ум лағв кардаст. Шаҳрвандони Ӯзбакистон метавоаннад то 30 рӯз бе расмиятдарории раводид дар Туркия қарор гиранд.

Барчаспҳо:
низоми раводид, Мавлуд Чавушӯғлӣ, Туркия, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ